Некӣ кардан ба дӯстону наздикони волидони фавтида
Аллоҳи меҳрубону ҳаким инсонро он гуна халқ кардааст, ки ҳар касе, ки ба инсон некӣ мекунад, инсон ӯро дӯст медорад. Табиати инсон, қадршиносиву меҳрубон офарида шудааст.
Дар дунё пас аз неъматҳои Аллоҳ накӯкортарин шахс дар ҳаққи ҳар яки мо, падару модар мебошанд.
Хубиҳое, ки падару модар дар ҳаққи фарзанд мекунад, ягон нафари дигар намекунад, барои ҳамин Аллоҳ дар китобаш ҳаққи волидонро пас аз ҳаққи худаш зикр кардааст.
Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
و وصينا الانسان بوالديه حملته امه وهنا على وهن و فصاله في عامين أن اشكر لي و لوالديك الي المصير
Моён инсонро васият кардем, амр кардем, то ки ҳаққи волидонашро бидонад, ба онҳо некӣ кунад, чӣ тавр ба онҳо некӣ накунад, дар ҳоле, ки модараш бо машаққатҳои зиёд бо дарду аламу вазнинӣ, ба ӯ ҳомиладор буд. Муддати бордориву ширдиҳии модар си моҳ тӯл мекашад. Барои некиҳои волидон, ки дар ҳаққи ту кардаанд, аввал ба ман (ба Офаридгорат), сипас ба падару модарат ташаккур кун, ба онҳо миннатдорӣ кун, бозгашти ҳамагон ба сӯи ман (Парвардигор) аст. (сураи Луқмон ояти 14)
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки баробари аз дунё рафтани волидон ва ё якеи онҳо ҳуқуқҳои онҳо низ соқит мешавад. Аммо инчунин нест ҳаққи падару модар пас аз вафоташон низ давом меёбад.
Вақте падару модар зинда ҳастанд, барои фарзанд беҳтарин фурсат аст, то ризогии онҳоро ноил гашта ризогии Аллоҳро ба даст оварад. Ризогии Парвардигор дар ризогии волидон аст, ғазаби Парвардигор дар ғазаби волидон аст. Ризогии волидон зиндагии фарзандро пур аз баракоту саодат мегардонад.
Вақте падару модар аз дунё мераванд, ҳанӯз барои фарзанд фурсат аст, то дар ҳаққи онҳо некӣ кунад.
Дар Сунани Абудовуд омадааст, ки марде ба назди Расулаллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам омада мегӯяд:
Падару модарам вафот карданд, оё ҳаққе вуҷуд дорад, ки пас аз вафоташон барои онҳо анҷом диҳам?
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: Оре, барояшон дуо кун ва аз Аллоҳ барояшон талаби омӯрзиши гуноҳҳояшон кун, ҳар васияту аҳде, ки пеш аз вафот карда буданд, ба он аҳдҳо вафо кун, бо хешу табори падару модарат силаи раҳм кун ва дӯстони падару модаратро икром кун, ба онҳо некӣ кун.
Силаи раҳм кардан бо хешовандони падару модар
Пеш аз ҳама бо тамоми хешовандон робитаи хешовандиро доштан, бо онҳо равуо карда аз аҳволи онҳо пурсидан дар шариат воҷиб мебошад. Робитаҳои хешовандӣ дар шариат бо ибораи Силаи Раҳм машҳур аст, ки мудом дар оятҳову аҳодис таъкид шудааст.
Пас аз марги падар бо хешовандони падар рафтуомад кардан, некӣ ба падар маҳсуб мегардад. Хоҳару бародарони падарро зуд-зуд хабар гирифтан, падару модари падарро зиёрат кардан, дар ҳаққи тамоми хешовандони падар некӣ кардан, ба онҳо ҳадия додану кӯмакҳои молӣ кардан, инҳо ҳама Силаи раҳм бо хешовандони падари вафот карда, ҳисоб мешавад.
Инчунин, агар модар аз дунё рафта бошад бо хоҳару бародарони модар, бо хоҳарзодаву бародарзодаҳои модар рафтуомад кардан, ба онҳо некӣ кардану аз аҳволашон зуд-зуд хабар гирифтан, некӣ ба модари фавтида ҳисоб мешавад.
Риштаи пайванди хешованди бо наздикони падару модар бояд пас аз вафоташон марбут бимонад.
Некӣ кардан ба дӯстони волидон
Яке аз суннатҳои гуфта шуда, аммо тақрибан дар амал иҷро нашуда дар байни мардум, ин некӣ кардан ба дӯстони волидон пас аз вафоти волидон мебошад.
Ҳар як фарзанд медонад, ки дар зиндагӣ падараш бо кӣ дӯсти мекард, наздиктарин ёрони падараш кӣ буданд. Пас аз вафоти падар, вақте ба дӯстони падар некӣ мекунем, аз аҳволашон хабар мегирем, барояшон кӯмакҳои аз дастамон омадаро мекунем, ин некӣ ба падар ҳисобида мешавад.
Абдуллоҳ писари Умар мегӯянд ман шунидам, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
ان من أبر البر صلة الرجل أهل ود ابيه بعد ان يولي
Болотарин некӣ ба падари фавтида, ин некӣ кардан ба дӯстони ӯ мебошад.
Вақте мехоҳед дар ҳаққи падари фавтидаатон некӣ кунед ба дӯстони падаратон некӣ кунед.
Абдуллоҳ ровии ин ҳадис вақте ба Мадина яке аз фарзандҳои дӯстони падарашон Умар меомад, шитобон ба зиёраташ мерафтанд, ба ӯ ҳадияҳо мебурданд, аз аҳволаш мепурсиданд ва мегуфтанд ту фарзанди дӯсти падарам ҳастӣ, ман мехоҳам ба дӯстони падарам некӣ кунам то ҳаққи падари вафот кардаамро ба ҷой оварам. Оё медонӣ, ман барои чӣ шитобон ба зиёрати ту омадам, зеро шунида будам, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
من أحب ان يصل اباه في قبره فليصل اخوان ابيه بعده
Ҳар касе, ки дӯст дорад падари вафот кардаашро дар қабраш зиёрат кунад, пас ёру дӯстони падарашро зиёрат кунад.(Ибни Ҳиббон)
Шахсоне, ки модари худро аз даст додаанд ва мехоҳанд ба модари аз дунё рафтаашон некӣ кунанд, ба дугонаҳои модарашон некӣ кунанд, ба зиёрати дӯстони модарашон бираванд, ин некӣ дар ҳаққи дугонаҳои модар некӣ ба модар шуморида мешавад.
Дар рӯзҳои ид ва ҳатто дар рӯзҳои оддӣ бо ҳадияҳои кӯчак ба зиёрати дӯстони волидон раванд.
Бо вафот кардани падару модар ва ё ҳар азизе, ки ҳам бошад, ӯро куллан фаромӯш кардан, бевафогӣ аст.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам то охири умр ба хешовандони ҳамсари фавтидаашон Хадиҷа, ҳатто ба дӯстони Хадиҷаи вафот карда, некӣ мекарданд. Талотуми дунё, пулу мол, хонаву дар, зиннатҳои чанд рӯзаи ҳаёт он қадар моёнро ба гирдоби худ кашидааст, ки ҳатто дар зиндагӣ ҳаққи волидонро фаромӯш месозем, куҷо расад ба ҳаққи онҳо расидан пас аз марг. Давутози зинданӣ поён надорад, инсон аз паи дунё медавад, медавад, охирон бо дастони холӣ дунёро тарк мекунад, аммо амалҳои солеҳ, махсусан сӯҳбатҳои пур аз муҳаббат бо волидон, зиёратҳои холисона бо хешовандону наздикони волидон подоше дорад, ки то рӯзи охират инсон аз лаззаташ ҳаловат мебарад.
Пас аз марги падар ва ё модар, гоҳе инсон хеле онҳоро пазмон мешавад. Ёди инсон ба падари фавтидааш ва ё модари аз дунё рафтааш меравад, гумон мекунад бо рафтани онҳо тамоми шодиҳояш низ аз даст рафтанд, дигар ҳаргиз онҳоро нахоҳад дид. Дунё бо тамоми ҳастиаш дар пеши назараш торик мегардад.
Вақте эҳсоси танҳоӣ кардед, падари вафот кардаатонро хеле пазмон шудед ва ё модари аз даст рафтаатро бо тамоми вуҷуд дидан мехоҳед, ба суроғи ёру дӯстонашон биравед. Бӯйи модару падарро аз хоҳару бародаронаш, аз дӯстону наздиконаш машом кунед. Вақте бо хешовандону дӯстони волидонат ҳамсӯҳбат мешавед дар ҳаққи онҳо некӣ мекунед, иштиёқи ҷигарсӯзе, ки ба волидони фавтидаатон доред, то ҳадде оромиш мегирад, аз тарафи дигар наздикони волидон шод мегарданд, аз ҳамаи ин болотар ин амал накӯи дар ҳаққи падари дар қабр хобида ва модари аз дунё рафта маҳсуб мегардад, гӯё ки шумо дубора онҳоро розӣ мекунед.
Парвардигор ба моён тавфиқ бидиҳад то ба ҳаққи тамоми азизон бирасем.
Муслимаи Аҳмадӣ