Ҳабдаҳ тан аз мусофирони парвози Теҳрон ба Истамбул пас аз фуруд дар фурӯдгоҳи Эсен Боғои Анқара ба далели машкук будан ба вируси коруно таҳти муоина қарор гирифтанд.
Ҳавопаймои Теҳрон-Истамбул ба далели эҳтимоли вуҷуди беморони мубтало ба вируси коруно дар фурудгоҳи Эсен Боғои Анқкара фуруд омад.
Эҳтимол дода мешавад ҳабдаҳ тан аз мусофирони ин ҳавопаймо олуда ба коруно бошанд.
Ин ҳавопаймо ба шумораи парвози TK 8VC дорои 132 мусофир буд, ки соати 10:29 дақиқа дар Анқара фуруд омадааст.
Ҳамаи мусофирони ҳавопаймо зери назари масъулони идораи беҳдошти Анқара ва вазорати беҳдошти таҳти муоина қарор гирифтанд, ки 17 тан аз ин мусофирон дорои таъби боло будаанд.
Тимҳои пизишкии вазорати беҳдоштӣ аз соат 12:30 барои анҷоми дувумин тест ва озмоишот вориди ҳавопаймо шудаанд.