Узви ҲХДТ бо 1900 доллар ришва дастгир шуд
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз дастгир шудани Сайдалӣ Мирасилов, Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Зафаробод хабар додааст, ки бо гирифтани 1900 доллар пора муттаҳам мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Мирасилов Сайдалӣ Рустамович, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва узви ҲХДТ дар ду ҳолат муттаҳам мешавад.
Манбаъ мегӯяд, Мирасилов замони кораш дар ниҳоди зикршуда, моҳи августи соли 2015 аз шаҳрванд Худойбердиев Камолиддин Нуриддинович барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намуда додани 0,08 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 800 доллари ИМА талаб карда гирифтааст.
Манбаъ афзудааст“Бо ҳамин тарзу усул моҳи сентябри соли 2015 аз шаҳрванд Норматов Бахтиёр Рузибоевич тавассути шаҳрванд Сулаймонов Нурали Эсаналиевич барои ҷудо намуда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 1100 доллари амрикоӣ талаб карда гирифтаст.
Дафтари матуботии Оҷонсӣ мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Мирасилов бо моддаи 247 қисми 3 банди ”а” КҶ ҶТ. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.