11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҷопон барои бунёдӣ марокизи саломатӣ дар Бадахшон $217 ҳазор кӯмак мекунад

Дар Душанбе созишномаҳои барқарорсозии маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон, ба маблағи 217,490 доллар имзо шуд

Дар чорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ (GGP) бо Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ва ташкилоти Оксфам, панҷ тарҳе, ки баҳри рушди соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, ба тасвиб расиданд.

Бино ба гузориши АМИТ созишномаҳои муштарак дирӯз, 25 феврал дар Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расидаанд.

Маблағи умумии грантҳо 303,590 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи созишномаҳо, Лоиҳаи барқарорсозии маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ имзо шудааст.

Инчунин се тарҳ барои сохтмони марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ба маблағи 217,490 доллари ИМА ба имзо расонида шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар назар ҳаст, тарҳи беҳтар намудани низоми хати оби нӯшокӣ дар 4 деҳаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбари ташкилоти “Oxfam GB” дар Тоҷикистон Шавкат Ализода бо маблағи 86,100 доллар имзо шуд.

$20 млн дар як моҳ дар савдои

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *