11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

БАТР стратегияи наваш барои Тоҷикистонро муайян кард

Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдиду рушд стратегияи нави бонкро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Барнома афзалиятҳои Бонкро дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2020-2025 муайян мекунад, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо, ба монанди муҳити ноустувори макроиқтисодӣ, фазои мураккаби соҳибкорӣ ва осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим, равона шудаанд.

Дар давраи татбиқи стратегия, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба беҳтар намудани инфрасохтори Тоҷикистон, алоқаҳои минтақавии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои шуғли аҳолӣ талошҳои худро равона месозад. Тоҷикистон дар байни тамоми кишварҳои фаъолияти БАТР яке аз кишварҳоест, ки дорои аҳолии ҷавонтарин мебошад.

Афзалиятҳои амалиётӣ ва стратегии Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар Тоҷикистон дар асоси се пояи зерини Таҳкими рақобатпазирии корхонаҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ;

• Мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва рушди пайвастагии инфрасохтор;

• Дастгирии дастрасии васеъ ба инфрасохтори беҳтар ва бизнес-хизматрасониҳо ба занон, ҷавонон ва минтақаҳои суст тараққикарда тасдиқ шудааст:

То имрӯз Бонки аврупоии таҷдиду рушд тавассути 135 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Tоҷикистон зиёда аз 800 миллион евро сармоягузорӣ намудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *