Рубрики Хабарҳо

“Ганҷи стратегӣ”-и Исроил аз байн рафт

Рӯзи сешанбеи гузашта яке аз давлатмардони Ховари Миёна, ки муддати сӣ сол зимоми умури кишвари худро дар даст дошт, аз олам рафт. Шахсе, ки аз тарафи мақомдорони Исроил ҳамчун “ганҷи стратегӣ” баҳо гирифта буд.

Ҳуснӣ Муборак раисҷумҳури пешини Ҷумҳурии Мисри арабӣ, ки рӯзи 25 феврал баъди тақрибан даҳ соли бознишастагӣ дар синни 91 солагӣ аз олам рафт.  Ӯ соли 1981 бар асари тариқи суиқасд кушта шудани раисҷумҳури даври Миср Анвар Содот сари қудрат омада буд. Чун он замон вай вазифаи ноиби раисҷумҳурро ишғол мекард. Ҳамин тавр ӯ то моҳи феврали соли 2011 бо василаҳои мухталиф курсии худро нигаҳ медошт.

Солҳои 1987, 1993, 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба будани худ дар курсии раисҷумҳур мақоми қонунӣ мебахшад ва соли 2005 дар интихоботи “шаффофу демократӣ” ҳамчун номзад аз тарафи ҳизби ҳоким “пешбарӣ” шуда, тақрибан ҳамаи овозҳои интихобкунандагонро ба даст меорад. Охирҳои соли 2010 ва оғози соли 2011 олами арабиро мавҷи эътирозҳои мардумӣ пахш мекунад ва аз ҷумла дар Ҷумҳурии Миср низ миллионҳо мардум ба нишони эътироз ба кӯчаву майдонҳо мерезанд, ки дар натиҷаи он 11 феврали соли 2011 ӯ “бо ихтиёри худ” аз мақоми раёсатҷумҳур истеъфо медиҳад.

Барканор шудани Ҳусни Муборак, ки яке аз бозингарони асосии минтақа ба шумор мерафт, аз дастовардҳои муҳим ва “боварнокарданӣ”и мавҷи эътирозҳои мардумӣ, ки баъдан бо номи “Баҳори арабӣ” маъруф гардид, ба шумор мерафт. Зеро ӯ дар минтақаи Ховари Миёна, ки ба хотири мавҷудияти давлати ишғолгари Исроили яҳудӣ ба яке аз нуқтаҳои доғӣ ҳамешагӣ ва маркази низои байналмилалӣ табдил ёфтааст, аз шахсиятҳои калидӣ буд.

Аслан, сари қудрат омадан ва дар он боқӣ мондани касе дар ин минтақа ба муносибатҳои ӯ нисбат ба давлати Исроил иртиботи қавӣ дорад. Ба ибораи дигар ҳар кас барои расидан ба қудрат бояд ҳатман “аз кӯчаи Исроил” гузарад ва баҳри бақои хеш дар он ризоияти мақомдорони онро ба таври ҳамешагӣ нигаҳ дорад. Ҳусни Муборак низ аз қоида истисно набуд. Зеро муносибатҳои “хубу дӯстона” бо давлати ишғолгари яҳудӣ яке аз дастовардҳои муҳимми ӯ дар ин муддати се даҳсола ба шумор мерафт.

Анвар Содот, ки аз ӯ пеш раисҷумҳури Миср буд, соли 1978 созишномаи сулҳро бо ҳукумати Исроил имзо мекунад ва бо ҳамин ба муборизае, ки байни ду давлат даҳсолаҳо идома дошт,  хотима мегузорад. Аммо ин ташаббус аз тарафи мардум ва бархе аз нирӯҳои дохиливу хориҷӣ пазируфта намешавад ва чун хиёнат ба масъалаи Фаластин баҳогузорӣ мешавад.

Баъд аз он ки соли 1981 Анвар Содот тариқи суиқасд ба қатл мерасад, ноиби ӯ Ҳусни Муборак сари қудрат меояд ва татбиқи он созишномаи “сулҳ” ба дӯши ӯ мефарояд. Бояд гуфт, ки иқдоми оғоз кардаи Анвар Содотро оид ба сулҳ вай ба хубӣ ва бо маҳорати том анҷом медиҳад ва дар натиҷаи ин талошҳои “шабонарӯзиаш” аз тарафи давлатмардони Исроил ба баҳои “ганҷи стратегии Исроил” сазовор мегардад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муборак тӯли сӣ соли президентӣ ин мубориза бо исломиён буд, ки аз касе, ки “ганҷи стратегии Исроил” аст, ин чиз ҷойи тааҷҷубе надорад. Метавон самараи сӣ солаи ӯро бо зиндон шудани ҳазорҳо фаъолони исломӣ ва дигар ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ унвон кард. Илова бар он фасоди молие, ки бар асари идора шудани давлат аз тарафаи доираи маҳдуди марбут ба “оилаи ҳоким” падид омада буд.

Ниҳоят соли 2011 баъди барканор шудани Муборак нисбат ба ӯ бо иттиҳоми қатли тазоҳургарон, ки шумораи онҳо то ҳаштсад расида буд, ва суистифода аз мансаби давлатӣ барин ҷурмҳо парванда боз шуд. Ду писари ӯ низ, ки аз шахсиятҳои калидии идорааш ба шумор мерафтанд, бо иттиҳоми фасод ва суистифода аз мансаб ба маҳкама кашида шуданд (бояд тазаккур дод, ки Муборак писари калонии худ Ҷамол Муборакро барои мансаби президентӣ баъди худ омода мекард).

Вале агарчи онҳо аз тарафи додгоҳ ба муддатҳои гуногун ҷазо гирифтанд, бо тариқи табаддулот сари қудрат омадани раисҷумҳури кунунии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ҳам Ҳусни Муборак ва ҳам писаронаш “сафед” шуда, ба озодӣ баромаданд. Бинобар ин, бархе аз таҳлилгарон низоми ҳолии Мисрро самараи сиёсатҳои сӣ солаи Ҳусни Муборак мешуморанд.

Тазодди зиндагӣ дар он аст, ки баъди табаддулоти соли 2013 ягона раисҷумҳуре, ки дар таърихи чандҳазорсолаи Миср тариқи интихоботи мардумӣ интихоб шуда буд, чун хоин ба ватан ба зиндон андохта мешавад ва муддати шаш сол аз одитарин ҳуқуқи инсонӣ маҳрум дар узлати том аз мардум ва ҳатто наздиконаш нигаҳ дошта мешавад.

Ниҳоят соли гузашта ӯ бар асари беморӣ ва шароити вазнини зиндон дар толори додгоҳ вафот мекунад (аниқтараш мекушанд). Агарчи ӯ президенти қонунӣ ва бо раъйи мардум интихоб шуда буд, вале маросими дафнаш ҳамчун ҷинояткор дур аз чашми мардум бо иштироки чанд нафар аз кормандони амниятӣ сурат мегирад.

Вале Мубораке, ки солҳо тариқи ҳилаву найранг бо маҳорати том қудратро дар даст дошта буду боиси ба футур рафтани як давлати  калидии Ховари Миёна ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати нуфуз дар минтақаву олам гашта, илова бар ин хуни ҳазорҳо нафар ба гарданаш буд ва аз тарафи додгоҳ бо ҷурмҳои гуногун айбдор дониста шуда, ба солҳои гуногун ҳукми ҳабс гирифта буд (дар воқеъ, соли 2012  бар асоси як ҷурмаш ӯро ба ҳабси абад ҳукм карда буданд), бо иззату икром дар “зиндон” буду “бегуноҳ” аз он баромад ва акнун чун “қаҳрамони миллӣ” ба хок супорида шуд.                           

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *