Ҷамъе аз фаъолони тоҷик дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш, таҷаммӯъи эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо аз мақомоти Утриш дархост намуданд, ба ҳеч ваҷҳ Ҳизбулло Шоҳвализода, як паноҳандаи тоҷик дар ин кишварро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.
Дар баёнияе, ки дар поёни ин таҷаммӯъи эътирозӣ қироат шуд, омадааст: “Мо имрӯз гирдиҳам омадем, то ба самъи мақомоти мӯҳтарами Утриш бирасонем, ки Ҳизбулло Шоҳвализодаро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Зеро медонем, дар сурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, ӯро чӣ интизор аст. Медонем, ки истирдоди Шоҳвалиев ба марги ӯ анҷом хоҳад ёфт.”
Дар ин баёния хотиррасон шудааст: “Режими Тоҷикистон барои аз байн бурдани гуногунандешон ва мухолифонаш аз ҳеч шевае рӯй намегардонад. Магар Умаралӣ Кувватов муасиси Гурӯҳи 24 — ро дар назди фарзандонаш террор накард? Магар чандин нафарро аз Русия дуздида ва ба муддатҳои тулонӣ зиндон накард? Магар нафарони бегуноҳи зиёдеро дар зиндон накушт? Ҳама медонанд, ки дар паси ин ҳама ҷиноятҳо мақомотҳои амниятии Тоҷикистон меистад.”
Таҷаммӯъкунандагон ёдовар шуданд: “Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башари байналмилалӣ огоҳанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, шаъну шараф ва номуси ӯ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон поймол мешавад. Бо вуҷуди ин ки Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар чанд бор дар ин бора ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор доданд, аммо режим ҳамаи он ҳушдорҳоро нодида гирифт.”
Баёния меафзояд: “Мо аз Созмони Милал ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ тақозо мекунем, ки фақат ба маҳкум кардан басанда накарда, роҳҳои таъсиргузортареро ихтиёр кунанд. То ба ҳол тавсияҳои ин созмонҳо дар бораи фавран озод кардани зиндониёни сиёсӣ аз қабили Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалии Ҳайит ва 11 тани дигар дар амал фоидае надошта. Мо аз ҳукумати Утриш тақозо мекунем, аз тасмими худ барои истирдоди Ҳизбулло Шоҳвалиев баргардад ва нагузорад ин бародари мо пас аз истирдод, дар қабзаи касоне қарор бигирад, ки қатъан ӯро ё хоҳанд кушт ва ё ба зиндон хоҳанд андохт.”