Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, рӯзи 29 феврали 2020 дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар дар маросими имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон ширкат кард.
Дар назари аввал як ҳодисаи маъмулии дипломатӣ, ки ҳар рӯз воқеъ мешавад ва чандон қобили таваҷҷӯҳ ҳам нест. Албатта худи имзои созишномаи сулҳ рӯйдоди муҳими сиёсӣ аст, ки бояд дар борааш гуфта шавад ва расонаҳо се рӯз аст, ки мегӯянд. Ширкати вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар онҷо рӯйдоди қобили таваҷҷӯҳ нест.
Аниқтараш намебуд. Агар ҳаракати Толибон бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон террористӣ шинохта нашудаву фаъолияти он дар кишвар мамнӯъ нагашта буд. Тоҷикистон Толибонро ҳаракати террористӣ шинохтааст ва ҳамкорӣ бо он ҷиноят шинохта мешавад. Вале вазири хориҷа ба маросими ин ҳаракат меравад, ҳамроҳ бо раҳбарони он менишинад ва дар гуфтугӯ бо онҳо ширкат мекунад.
Ҳоло сухан дар бораи воқеъан террористӣ будан ё набудани Толибон нест. Сухан дар бораи дурӯягии сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аст. Ва бархӯрди дугонаи (ибораи дӯстдоштаи Раҳмон дар қиболи онҳое, ки бо ҲНИТ робита доранд) ҳукумат ба мафҳуми терроризм.
Толибонро на танҳо Тоҷикистон, балки бештари кишварҳои ҷаҳону минтақа ва созмонҳои байналмиллалие мисли СММ терористӣ эътироф кардаанд. Ҳоло қудрати Толибон ҷаҳонро маҷбур ба шинохту эътирофи онҳо кард. Амрико ҳам онро террористӣ медонад, аммо нишасти ИМА бо Толибон имзои созишномаи сулҳ буд ва чанд кишвари дигаре, ки дар он нишаст ҳузур доштанд ё нақши миёнаравро дар ин гуфтугӯ иҷро мекарданд, ё Толибонро террорист намедонанд. Ё ҳади ақал “террористони дохилӣ” надоранд, ки барояшон суол пайдо шавад, ки чаро онҳо террорситанду инҳо дигар не. Вале Тоҷикистон дар он нишаст чӣ гум карда буд?
Наздик ба панҷ сол мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ эълон карда, бо тамоми қудрат мекӯшад кишварҳои дигарро розӣ ба пазируфтани ин даъвояш кунад. Ва барои ин аз ҳама роҳҳо, шурӯъ аз фишорҳои дипломатӣ то илтимосу гузаштҳои сиёсӣ кор мегирад. Вале то ҳол ҳеҷ кишваре, ҳатто кишварҳое, ки равобити танготанг бо Тоҷикистон доранду мақомот онҳоро шарики стратегӣ меномад, розӣ ба пазируфтани ин даъвояшон нашудааст. ва борҳо эълон ҳам кардааст, ки вориди ҳеҷ гуфтугӯе бо “террористон” нахоҳад шуд.
Ҳоло агар ҲНИТ-е, ки ҳатто як тир напарронда, ё Паймони миллие, ки дар Аврупо таъсис ёфта террорист эълон шудааст, бо Толибон муқоиса шавад, ин натиҷа ҳосил мегардад, ки тақсимбандӣ ба террористу ғайритеррорист комилан сиёсӣ аст ва ҳеҷ заминаи воқеъӣ надорад. Толибон 20 сол аст ҳади ақал бо ҳукумати Афғонистон ва эътилофи Ғарб меҷангад, силоҳ бардоштааст, қатл кардаву асир гирифтааст ва баҳона барои террорист хонданаш вуҷуд дорад. Аммо Наҳзате, ки на танҳо баъди истиқрори сулҳ даст ба силоҳ назадааст, балки ҳатто боре тазоҳурот накардааст, бо кадом далел террористӣ эълон шуд? ПМТ чӣ амали террористӣ содир кардааст? Ва вақте ин суол ба ҳукумати Тоҷикистон дода шавад, ки чаро ҲНИТ террорист асту Толибон дигар на, посухашон чӣ хоҳад буд?
Агар Толибонро дигар террорист эътироф намекунанд, далелашон ба террорист хонадни ҲНИТ чист? Агар Толибонро ҳанӯз террорист медонанд, (ва медонанд, чун ҳанӯз қарори Додгоҳи Олӣ бекор нашудааст) Сироҷиддини Мӯҳриддин дар он нишаст чӣ номаъқул мекард ва бо кадом рӯ ба раҳбарони Толибон нигарист?
Ҳузури вазири корҳои хориҷа дар ин нишасти таърихӣ дар ҳеҷ расонаи давлатие бозтоб наёфт. Бештари онҳое, ки дар он нишаст ҳузур доштанд аз он ифтихор доранд ва дар арсонаҳои кишварашон дар ин бора мусоҳибаҳо медиҳанд. Чун воҷеъан нишаст таърихист ва ҳар касеву ҷонибе дар он ҳузур дошт, сабти таърих мешавад. вале мақомоти Тоҷикистон медонанд, ки вақте дар ин бора ҳарф зада шуд, ҳатман ин суол пайдо хоҳад шуд, ки чаро ҲНИТ ва чаро Толибон.
Ҳарчанд қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар бораи террористӣ шинохтани Толибон ҳанӯз бекор нашудааст, ба назар мерасад умри он дар арафаи поёнёбист. Зеро вақте гуфтугӯи байниафғонӣ сурат гирифту Толибон ҷузъе (бо гумони ғолиб ҷузъи бузурге) аз ҳукумати Афғонистон шуданд, мақомоти тоҷик ҳеҷ илоҷе ҷуз бекор кардани қарорашон нахоҳанд дошт.
Ҳамчунин бо Наҳзат ва Паймон. Сол то сол мавқеъашон дар мубориза бо мухолифин тангтар мешавад. Роҳҳои дипломатӣ пурра барояшон баста шуд ва ҳоло гузинаи тарсдиҳиву террорро пеш гирифтаанд. Ҳатто ба Аврупо эскадрони марг мефиристанд, то фаъолон ва рӯзноманигоронро қатл кунанд.
Аммо мутмаъинан дар ин роҳашон ноком хоҳанд шуд. Ҳатман рӯзе, баъди ин ҳама шармандагишову сарфи пули мардум барои мубориза бо мухолифон, маҷбур мешаванд худашон мухолифинро ба гуфтугӯ фаро хонанд. Вале дер хоҳад шуд.
Агар ҳоло дер нашуда бошад.