Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми дирӯз бо нашри як дар саҳифаи фейсбукияш натиҷаҳои расмии интихоботи парлумониро “қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ” номида, изҳор дошт, ки ҲСДТ онро эътироф намекунад.
Дар баёния омадаст, ки “2-юми марти соли 2020, соати 15.00, баъд аз машваратҳои бисёрсоата ва барои амалисозии қарори сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёрзода, раиси Куммисияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Тоҷикистон натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ тантанавӣ эълон накарда, балки қироат кард”.
Зоиров навиштааст, “Натиҷаҳои пешакии расмии интихоботи мазкур аз соати 2.30-и шаб то 6.00-и субҳи 2-юми марти соли 2020 дигар буданд, аз соати 6.30-и субҳ то 11.00-и ҳамин рӯз дигар шуданд ва ниҳоят, то соати 15.00-и ҳамин рӯз, яъне бевосита пеш аз қироати тантанавӣ, дигар шуданд. Ба ин тариқ, натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар давоми 12 соат се бор тағйир ёфтанд”.
Зимнан дар баёния омадааст, “Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳор медорад, ки расман натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ эътироф намекунад”.