ҲАМОС: даъвати маҳрамонаи Амрико барои баргузории ҷаласаро рад кардем
Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши ҲАМОС гуфт, дархости маҳрамонаи Амрико барои баргузории ҷаласаро рад кардем.
Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин ҲАМОС тайи мусоҳибае бо шабакаи Ал-Маёдин изҳор дошт, ки ин ҳаракат дархост ва даъвати маҳрамонаи Вашингтон барои баргузории ҷаласаро рад кардааст.
Ҳания бо баёни ин ки Амрико мехоҳад гуфтугӯ бо моро ба наҳви дигаре ривоят кунад, гуфт: Вашингтон ба думболи он аст, ки вонамуд кунад тарҳи муомилаи қарнро бо ҳамоҳангии фаластиниҳо ба вижа ҷунбиши ҲАМОС ироа кардааст.
Гуфтанист, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 28 январи имсол тайи нишасти хабарии муштарак бо Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил аз тарҳи ба истилоҳ “Сулҳи Ховари Миёна” рӯнамоӣ кард ва шаҳри Қудсро пойтахти ин кишвар хонд. Нитонёҳу низ ин тарҳро “дастоварди бузург ва таърихӣ” барои Исроил унвон кард.