Рубрики Хабарҳо

“Ҳафиззода бо пулиси қазоқ тамос гирифт”. Барои истирдоди Тағоев

Муҳаммад Тағоев, блогер ва фаъоли сиёсии тоҷик, ки соате пеш аз боздошт шуданаш дар Қазоқистон хабар дода буд, навишт, ки Шодӣ Ҳафиззода бо пулиси Қазоқистон барои истирдоди ӯ дар тамос шудааст.

Муҳаммад Тағоев дақоиқе пеш дар саҳифаи фейсбукиаш навишт “Шрдӣ Ҳафизов ин коргарҳои орган катӣ гап зад, маро бурданианд Тоҷикистон”. 

Шодӣ Ҳафизов (Ҳафиззода) сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аст ва домоди вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода мебошад.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Ҳафиззода ҳамроҳ бо Шоҳрух Саид, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва писари Фаттоҳ Саид бо супориши мустақими хонаводаи раисҷумҳур муваззаф бо ба ҳар роҳе баргардонидани мухолифин ва фаъолони сиёсии муқими хориҷи кишвар шудаанд. 

Гуфтанист, Муҳамад Тағоев, ки бо мавзӯъгириаш алайҳи сиёсатҳои режими Эмомалӣ Раҳмон маъруф аст, соате пеш бо пахши мустақим дар саҳифаи фейсбукиаш дар бораи боздошташ хабар дод. 

Тағоев дар ҳоле, ки занҷири дасташро намоиш медод, гуфт ҳамин ҳоло дар боздошт шудааст ва хоҳиш кард ин боздошт расонаӣ шавад.

Паём кӯшид бо ӯ тамос гирад, аммо Тағоев ба занги мо посух надод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *