Categories Хабарҳо

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз ширкатҳои гардишгарӣ хостааст, ки ба таври муваққат аз сомондеҳии гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ худдорӣ кунанд.

Далели ин тасмим паҳншавии “коронавирус” дар теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон баён шудааст ва ин кумита низ ин тасмимро бар асоси иттилооти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.

Ширин Амонзода, раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин тасмим бо машварати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин барои ҳифзи ҷону амнияти гардишгарони хориҷӣ ва дохилӣ гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Амонзода, ин як тасмими муваққат аст ва ба ширкатҳо тавсия шудааст, ки аз вуруди мусофирони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ ва аз сафари тоҷикон ба соири кишварҳо худдорӣ кунанд.

Амонзода афзуд, ин иқдом бо ҳадафи раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин бемории кушанда, ки рӯз ба рӯз дар ҷаҳон ривоҷ дорад, мебошад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *