Рубрики Хабарҳо

Воҳимаи вирус қимати ордро то 20 дарсад боло бурд. КДАМ вориди кор шуд

Қимати орд ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 10 то 20 дарсад боло рафт. Сабаби ин болоравии босуръат ба воҳима афтодани мардум аз имкони паҳншавии вируси коруно дар кишвар гуфта мешавад. 

Эълон баста шудани масоҷид ба хотири ҷилавгирӣ аз шуйӯъи вирус, мардумро ба таҳлука андохт ва ба бозору мағозаҳо сарозер кард. Дар натиҷа фурӯшандаҳо қимати орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрокаеро, ки мардум ба миқдори зиёд харидорӣ мекунанд, боло бурданд.

Як манбаъи Паём гуфт, ки шоми дирӯз қимати орд дар баъзе навоҳии пойтахт то 250 сомонӣ боло рафтааст. Қаблан орд дар Душанбе ҳудуди 190 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ин манбаъ мегӯяд шоҳиди он будааст, ки танҳо як нафар 20 халта орд харидааст. 

Хонандагони зиёди Паём аз навоҳии гуногуни кишвар дар бораи болоравии қимати орд ва аз бозорҳо ғайб задани он менависанд. 

Як хонанда аз Исфара навишт, орде, ки дирӯз 180 сомонӣ нарх дошт, имрӯз 210 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ қимати орд аз 185 ба 210-215 сомонӣ расидааст. 

Чанд хонанда аз навоҳии гуногун навиштаанд субҳ ба бозор барои харидани орд рафтанд, аммо натавонистанд пайдо кунанд.  

Субҳи имрӯз тибқи иттилоъи чанд манбаъ, мақомоти амниятӣ вориди кор шуда, ба ордфурӯшиҳо ҳади ақал дар пойтахт ва шаҳрҳои бузург фурӯши ордро манъ кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол мақомот аз мардум даъват кардаанд ба ҳангомаҳо дода нашаванд, чн захираи дусолаи маҷоди хӯрокворӣ дар кишвар мавҷуд аст.. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *