Рубрики Хабарҳо

Додситонии кулл истирдоди Шовализодаро натиҷаи “ҳамкорӣ бо Утриш”донист

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод рӯзи 5 март шаҳрванди Тоҷикистон Ҳизбулло Шовализода ҳамчун узви ҳизби  наҳзати исломӣ ба Тоҷикистон истирдод оварда шуд. Шовализода аз тарафи мақомоти тоҷик ба чанд ҷурм, аз ҷумла узвият дар созмони тундрав, хиёнат ба давлат ва ғайра гумонбар дониста мешавад.

Мақомоти тоҷик истирдоди Шовализодаро натиҷаи “ҳамкориҳо бо кишвари Утриш” номиданд.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик рӯзи 2 март дар шаҳри Вена ҷамъ омада, аз мақомоти Австрия хостанд, ки Шовализодаро ба Душанбе истирдод накунанд. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани ӯ ба Душанбе ӯро шиканҷаву зиндон интизор аст.

Шовализодаи 29-сола дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Худаш ин иддаоҳоро рад карда ва ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Дар видеои гирдиҳамоӣ, ки фаъолони мухолифон дар Фейсбук нашр кардаанд, дида мешавад, ки чанд нафаре аз онҳо баландгӯ аз мақомоти Австрия мехоҳанд, Шовализодаро ба Душанбе нафиристанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи гунаҳкор будани Ҳизбулло Шовализода ба мақомоти Австрия далелҳо пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, номбурда чаҳорумин нафар аст, ки бо дархости онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *