Шоми имрӯз 11-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе рақобати дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бе ширкати мухлисон баргузор мегардад.
Ин ду тими бонуфузи кишвар даври якуми бозии худро, ки барои роҳ ёфтан ба даврҳои минбаъдаи АФК 2020 баргузор мегардад рақобат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки рақобати мазкур соати 18.00 дар варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе бе иштироки мухлисон баргузор хоҳад шуд. Сабаби бемухлис баргузор шудани бозии байни дастаҳо чораҳои пешгири аз Каронавирус гуфта мешавад.