Рубрики Хабарҳо

Баъди Гулнораву Дариға навбати Озодаву Таҳмина аст

Як қасри муҳофизатшаванда ва дорои синамову ҳавзи зеризаминӣ дар яке аз гаронтарин кӯчаҳои Ландан Бишопс-авеню, хона дар минтақаи мӯътабари Хайгейт ва опортумони бузург дар Челси бо дархости мақомоти интизомии Бритониё баҳори соли гузашта ҳабс шуданд. Он замон мақомоти ин кишвар хабар дода буданд, ки ин амволи ғайриманқул ба нафари маъруфи сиёсӣ мутааллиқ аст, аммо ҳеҷ номеро зикр накарданд. 

Ду рӯз қабл, 10 март ВВС дар ҳамкорӣ бо  и «» таҳқиқотеро нашр кард, ки ба кӣ таъаллуқ доштани ин қасру кӯшкҳоро ифшо сохт. Моликони он Дариға Назарбоева, раиси сенати Қазоқистон ва духтари Нурсултон Назарбоев ва писари калонии ӯ Нурали Алиеву ҳамсараш Аида будаанд. Онҳо мехоҳанд дар додгоҳ ҳабси ин амволро, ки ба 100 миллион доллар харида шудааст, бекор кунанд. Қимати имрӯзаи ин амволи ғайриманқул хеле болотар аз 100 миллион бошад. 

Ҳабси амволи духтари “пешво”-и Қазоқистон ба кампине бастагӣ дорад, ки барои мубориза бо пулшӯиҳои шубҳаовар соли гузашта дар Бритониё шурӯъ шуд. Абзори ин мубориза ордере аст, ки иҷоза медиҳад амволи ғайриманқул ҳабс гардад, агар моликаш собит карда натавонад, ки пули он бо роҳи ҳалол ба даст омадааст. 

Вале ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки Гулнора баъди солҳо маликадухтари нозпарвард будану ғорат кардани амволи мардуму кишвараш дар ҳабс қарор дорад ва омода аст аз баҳри дороиҳояш гузарад, то танҳо нафаси озодӣ бикашад.  

Муҳим он аст, маликадухтари дигар, ки ба малика шудан омодагӣ мебинад — Дариға Назарбоева ҳам ба ин марҳала наздик шудааст. Имрӯз додгоҳи Бритониё амволашро ҳабс кард, фардо шояд мардуми кишвараш худашро ҳабс ва баргардонидани амволи дуздидаашро талаб кунанд. 

Ва муҳим он аст, ки ин раванд рӯзе ҳатман ба Тоҷикистон ҳам хоҳад расид. Рӯзе, ки амволу дороиҳои Озодаву Тахмина, Рухшонаву Заррина, Рустаму Ҳасан ва ғайраҳум, ки шуморашон агар навишта шавад аз як саҳифа ҳам зиёд мешавад, ҳабс шаванд. Ин амр ногузир аст ва ҳеҷ гузинае ҷуз ин вуҷуд надорад. 

Дороиҳои инҳо аз Дариғаву Гулнора кам нест. Он ду пинҳонӣ ва бо эҳтиёт буҷаи кишварашонро ғорат мекарданд ва бо тамоми имконоташон онро пинҳон медоштанд. Инҳо ошкоро на танҳо буҷа, якояки шаҳрвандони кишварро ҳаррӯза ошкор ва бидуни истиҳола ғорат мекунанд. Даҳҳо суратҳисоби офшорӣ, амволи ғайриманқули зиёд дар тамоми дунё, қасру кӯшку тиллову асъори нақд дар кишвар доранд.

Қаблан раиси Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ бо истинод ба манбаъҳояш гуфта буд маблағҳои дуздида ба офшорбурдаи хонаводаи Раҳмон аз буҷа ва ММД-и кишвар бештар аст. ММД-и Тоҷикистон ҳудуди 7 миллиард доллар аст.

Қисме аз дороиҳо ва суратҳисобҳои офшории онҳоро Паём ифшо карда буд ва ҳамтан ба ифшои боқимондаҳояш идома хоҳад дод. 

Ин ҳам бахше аз офшорҳое, ик Паём кашф карда буд:

Шамсулло Соҳибов

Шамсулло Соҳибов офшори худро дар ҷазираҳои Вирҷин таҳти номи Shamsullo Sakhibov бунён гузоштааст. Бозӣ бо ҳарфҳо дар ному насаб ҷустуҷӯ ва муайян кардани соҳибони офшорҳоро мушкилтар мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳои панамагӣ, Шамсулло Соҳибов ширкати худро дар нишонии пустии (почтовый адрес) Мaitland Court; Lancaster Terrace; London W2 3PE ба қайд гирифтааст. Пулҳояшро Соҳибов тавассути ширкати миёнарави MOSSACK FONSECA & CO. (U.K.) LIMITED, воқеъ дар Бритониё ба ширкати офшории худ GLATTO MANAGEMENT LTD интиқол медиҳад. GLATTO MANAGEMENT LTD ҳанӯз соли 2011 дар ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст.

Шамсулло Соҳибов шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова аст. Ӯ солҳои дароз вазифаи намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Бритониёро иҷро мекард, дар ҳоле, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Бритониё ба сифр баробар аст.  

GLATTO MANAGEMENT LTD ягона ширкати офшорие нест, ки ба Соҳибов тааллуқ дорад. Ширкатҳои дигар бо номҳои бегона ба қайд гирифта шудаанд

Зарифбек Давлатов

Зарифбек Давлатов домоди дигари Эмомалӣ Раҳмон — шавҳари Таҳмина аст. Ӯ худро дар офшор чун Zarifbek Daulatov ба қайд гирифтааст. Вале нишонии пустиаш дар Тоҷикистон нишон дода шудааст: 36 Farkhod St; Dushanbe; Tajikistan. Ширкати миёнарав ҳамонест, ки зикраш дар боло рафт: MOSSACK FONSECA & CO. (U.K.) LIMITED. Ӯ пулҳояшро ба ширкати офшории Penkridge Global Limited, воқеъ дар ҷазираҳои Вирҷиния мегузаронад.Зарифбек Давлатов бо хонаводааш

Ҳасан Асадуллозода

Ҳасан Асадуллозода, шояд аз зиёдии офшорҳояш “ранҷ мебарад”. Talco Management Limited ё ки TML, CDH Investments Corp, СВР Investment, Amatola S. A., чанд офшоре зери бренди Orion.

Бо кӯмаки ин ширкатҳои офшорӣ Ҳасан пулҳои Ширкати алюминии тоҷик (ТАлКо), Ориёнбонк, ширкатҳои сохтмонӣ ва ғайраро “мешӯяд”. Дар пулшӯи ба ӯ ширкати бритониёи G.S.L. Law & Consulting кӯмак мекунад.

Аз тарафи дигар Асадуллозода аз язнаҳояш оқилтар баромад. Ҳарчанд офшорҳояш зиёданд, ӯ бештари онҳоро бо номи хориҷиҳое сабт мекунад, ки иртиботе бо Тоҷикистон надоранд. Яке аз онҳо Mettew Richard аст.

ВАО-и хориҷӣ менависанд, ки CDH Investments Corp байни солҳои 2005 ва 2007тавонист аз Тоҷикистон 2 миллиарда доллар берун барад.

Ҷамолиддин Нуралиев

Мо ҳанӯз натавонистем ҳисобҳои офшории Ҷамолиддин Нуралиевро пайдо кунем. Аммо ӯ ба ҷузъ қасру кӯшкҳои зиёде. ки дар Тоҷикистон дорад, соҳиби чанд хона дар Дубаю Абӯ Забии АМА, Вашингтону Вирҷиниёи ИМА, Истамбули Туркия, Барселонаи Испониё ва Ландани Бритониё  мебошад. Ба Паём муяссар шуд 4 хонаи ӯ дар ИМА-ро пайдо кунад.

Ин яке аз хонаҳои ӯ дар Вашингтон аст бо нишонии 2301 N St NW APT 208 Washington

Хонаи ӯ дар шаҳри Арлингтони иёлати Миннесота, бо нишонии 1121 Arlington Blvd; Arlington, VA 22209-3214 дар ин бино ҷойгир аст:

Ҳамчунин ӯ дар иёлоти Мэриленд ва Вирҷиниё хонаҳо дорад.

Ин танҳо чанд мисол буд. Оянда мо ба ҳар яки инҳо дар алоҳидагӣ хоҳем пардохт. 

Кӯтоҳи сухан ин аст, ки хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо ҳисобҳои офшорӣ, садҳо қасру хонаҳо дар дохилу хориҷ, яхтаву мошинҳои гаронбаҳо вадаҳҳо тиҷорат дар кишварҳои ҷаҳон доранд.

Баргардем ба Дариға Назарбоева. Аниқтараш ба амволи ӯ, ки дар Бритониё ҳабс шудаанд. Агар ӯ собит карда натавонад, пулҳое, ин хонаҳоро харидааст бо роҳи қонунӣ ба даст омадаанд, додгоҳи Бритониё тамоми ин амволро мусодира хоҳад кард. Ба нафъи хазинаи Бритониё.

Тамоми пулу амволе, ки хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз кишвар дуздидааст, рӯзе мусодира хоҳад шуд ва бо гумони ғолиб ба нафъи кишварҳои дигар.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *