10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҳушдори мақомҳои беҳдоштӣ дар ғарби Афғонистон: Хатари шуйӯъи коруно бисёр ҷиддӣ аст

Риёсати сиҳат ва беҳдошти вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон дар ҳамсоягии кишвари Эрон мегӯяд хатари шуйӯъи коруно дар Афғонистон бисёр ҷиддӣ аст. 

Абдулҳаким Таманно, раиси сиҳати омма ва беҳдошти вилояти Ҳирот дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори Бибиси гуфтааст “бисёре аз кишварҳои қавӣ ва пурқудрат дар ҷаҳон натавонистанд монеъи шуйӯъи вируси коруно шаванд, ки Афғонистон аз лиҳози имконот ба пойи онҳо намерасад бинобарин афғонҳо бояд огоҳтар ва ҳушёртар барои пешгирӣ бикушанд.” 

Ӯ аз вокуниши мардум дар муқобили ин беморӣ эъломи норизоятӣ карда ва мегӯяд:  “Мардум аслан ҷиддӣ нагирифтанд. Мо мардум одат дорем то ба чашм набинем, бовар намекунем. Вақти он расида, ки қабл аз ин, ки бубинем теъдоди зиёде мубтало шуданд ва мурданд, барои пешгирӣ аз он рӯз иқдом кунем. Ҷиддӣ бигиред ва бовар кунед.” 

Оқои Таманно мегӯяд, ки баргашти атбоъи Афғонистон аз Эрон низ дар рӯзҳои ахир шиддат гирифта ва рӯзона ҳазорон нафар вориди Афғонистон мешаванд. Ба гуфта ӯ, рӯзи гузашта ҳафт ҳазор нафар танҳо аз марзи Исломқалъа аз Эрон вориди Афғонистон шуданд. 

Ӯ мегӯяд мумкин аст теъдоди зиёде аз ин афрод, касоне бошанд, ки вирусро интиқол медиҳанд аммо лаҳзаи убур аз марз, ҳеҷ алоиме надошта бошанд. 

Раиси беҳдошти Ҳирот аз ин афрод мехоҳад, ки ҳадди ақал барои понздаҳ рӯз дар хонаҳояшон бимонанд ва дар сурати мушоҳидаи алоими беморӣ ба марокизи сиҳатӣ муроҷиа кунанд. 

Пас аз сабт шудани нахустин мавриди бемории коруно дар Афғонистон, ин кишвар марзашро бо Эрон барои як рӯз баст аммо дубора онро боз кард. Гуфта шуда масъулияти давлат барои ироаи хадамот ба атбоъш, ки дар он сӯи марз монда буданд, далели ин тасмим будааст. 

Ин дар ҳоле аст, ки акнун аз тарси шуйӯъи бемории коруно, Узбакистон марзашро барои муддати номаълум бо Афғонистон бастааст. Покистон низ яке аз гузаргоҳҳои марзиашро бо ин кишвар барои як ҳафта баст ва онро барои як ҳафта дигар низ тамдид кард. 

Коруно дар Афғонистон 

То кунун ҳафт мавриди мусбати вируси коруно дар Афғонистон сабт шудааст; Ду маврид аз ин беморӣ дар вилояти шимоли Самангон ва панҷ мавриди дигари он дар вилояти Ҳирот. 

Гуфта шуда, ки шаш маврид марбут ба афроде аст, ки аз Эрон омада буданд ва як нафарашон ҳам бо яке аз ин беморон дар тамос будааст. 

То кунун 161 мавриди машкуки бемории коруно дар Афғонистон аз вилоёти мухталиф муоина шуда, ки соири маворид ҳама манфӣ буданд. 

Ин намунаҳои машкук аз вилоёти Ҳирот, Ҳилманд, Фароа, Ғӯр, Бадахшон, Қандаҳор, Самангон, Вирдак, Нангарҳор, Ҷузҷон, Нимруз, Бағлон, Балх, Форёб, Ғазнӣ, Лугар ва Кобул ҷамъоварӣ шудааст. 

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, яке аз ду раисҷумҳури Афғонистон хостори басиҷи миллӣ барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи вируси коруно шудааст. 

Давлати Афғонистон барои гирфитани тадобири вижа барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи ин беморӣ 25 миллион долларро ихтисос додааст. 

Ғанӣ чанд рӯзи пеш дар маросими ифтитоҳи парлумон гуфт, ки агар шуйӯъи вируси коруно дар Афғонистон суръат ёбад, ҳукумат будҷаи миллиро барои муқобила бо ин падида таъдил ва дубора барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон хоҳад фиристод. 

Тадобири вижа барои шиносоии беморони эҳтимолӣ дар марзҳо ва майдонҳои ҳавоии ин кишвар рӯи даст гирифта шуда, аммо Афғонистон танҳо дар Кобул, пойтахт, имкони ташхиси ибтило ба ин вирусро дорад ва афроди машкук бояд то замони мушаххас шудани натиҷаи ташхис, дар вилоятҳо дар қарантин бимонанд. 

Ҳар кифи тести вируси коруно дар Афғонистон 1600 доллар ҳазина дорад, ки барои тести 50 нафар истифода мешавад. 

Давлати Афғонистон эълом карда, ки донишгоҳҳо ва макотибу мадорис дар вилояти Ҳирот низ бо тохир боз шавад. Вазорати беҳдошт ҳамчунин аз мардум хоста дар маросими Наврӯз иштирок накунанд ва аз ҳузур дар таҷаммӯъот худдорӣ кунанд. 

Як рӯз пас аз сабт шудани як мавриди мусбати коруно дар вилояти шимоли Саманагон, риёсати маориф, омӯзиш ва парвариши ин вилоят низ эълом карда марокизи омӯзишӣ дар ин вилоят то иттилоъи баъдӣ таътил аст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *