Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъи Паём гуфт додситонӣ онҳоро ба ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ айбдор мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манбаъ Паём баъди эътирози сокиони ноҳияи Хуросон 22 рӯз қабл, дар 17 май беш аз 30 нафар боздошт ва чандрӯзӣ нигоҳдорӣ шуда, даҳҳо нафари дигар ба мақомот эҳзор ва бозпурсӣ шудаанд. Гуфтанист даҳҳо сокини ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо баста буданд.
Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумати вилояти Хатлон менависад, ки чор нафар дар боздошт қарор дошта, ду тани дигар бо шарти берун нашудан аз ноҳия, дар озодӣ ҳастанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки «парвандаро муфаттишони Прокуратураи генералӣ тафтиш доранд. Инҳо бештар ҷавононе буданд, ки дар ҳамон рӯзи эътироз иштирок карда, мардумро гуфтаанд, ки роҳ ба Душанберо бандед».
Аммо манбаъи Паём мегӯяд, дар асл ин шаш нафар онҳое ҳастанд, ки натавонистаанд бо ришва ҷони худро бихаранд. Дигар боздоштшудаҳо бо пардохти ришва аз 300 то 1000 доллар аз ҷавобгарӣ озод шудаанд. “Ҳамин шаш камбағале, ки на худашон пул доранд ва на хешу таборашон, ки бо онҳо кӯмак кунанд, гунаҳкор баромаданд. Дар асл инҳо на тазоҳуротро ташкил кардаанд ва на бештар аз дигарон коре анҷом додаанд” — гуфт манбаъи Паём.
Радиои Озодӣ ному насаби нафарони боздоштшударо низ зикр кардааст, ки иборатанд аз Маҳмадкарим Ҳасанов, Маҳмадраҷаб Холов ва бародарон Ҳусейн ва Кароматуллоҳ Ҳусейновҳо. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо сокинони деҳаи Неъматуллоҳ Асадуллоҳ мебошанд.
Дар натиҷаи селе, ки шоми 14-уми май дар ноҳияи Хуросон омад, як нафар ба ҳалокат расида, ба даҳҳо манзили сокинон хароб шуданд. Мақомот шумори хонаҳои вайроншударо даҳ адад мегӯянд, аммо сокинон аз хисороти ба маротиб бештар хабар медиҳанд. Ба гуфтаи сокинон, дар ду ҷамоат зиёда аз 50 чорвои мардум нест шуда, чанд мошин ҳам зери хок мондааст.
Тазоҳуроти мардум дар Хуросон, ба хусус роҳбандии онҳо, дар чанд соли охир бесобиқа буда, аз хабарсозтарин ҳаводиси як моҳи охири Тоҷикистон буд. Дар ҳамин ҳол мақомот ба он мисли ҳар эътироз дигар бо тундӣ бархӯрд карда, на танҳо даҳҳо нафарро боздошт намуданд, балки бо кӯшишҳои матбуот барои дарёфти хабари воқеъӣ дар бораи ҳоли зарардидагон вокунишҳои тунде анҷом доданд. Аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори “Азия Плюс” аз тарафи се нафар, ки яке худро раиси маҳалла муаррифӣ кардааст, латукӯб шуд.
Се рӯз баъд аз латукӯб шудани рӯзноманигор, Вазорати корҳои дохила эълон кард, ки бидуни иҷозат ба хаймаҳо сар халондани Ғурбатӣ боиси латукӯбаш шудааст ва ӯро дар таҷовуз ба ҳарими сокинон гунаҳкор донист. Иттиҳоме, ки худи рӯзноманигор сароҳатан рад мекунад ва мегӯяд ба хаймаҳо ҳатто наздик нашудааст. “Фабрикаи ҷавоб” низ дар маърака хеле фаъол буд ва Ғурбатиро ба чандин ҷиноят муттаҳам мекард. Ҳатто чанд нафари баландпояи фабрика латукӯби ӯро тарафдорӣ намуда, даъвоҳои хандадоре алайҳи ӯ карданд. Аз ҷумла Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъво кард Ғурбатӣ ҳуҷҷат надорад, пас журналист нест.
Танҳо фишори бесобиқаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ, вокуниши шадиди рӯзноманигорони дохилу хориҷбуда, эътирози созмонҳои зиёди байналмиллалӣ боис шуд мақомот аз тасмими худ мабнӣ бар гунаҳкор кардани худи Ғурбатӣ даст кашанд. Вагарна имкони зиёди ифшои парванда алайҳи хабарнигор вуҷуд дошт.
Ҳамчунин маъракаи густурдаи тарафдорӣ аз тазоҳуроти мардуми Хуросон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро водор кард бори аввал дар чанд соли охир кӯмаки чашмрасе ба задардидагони сел расонад. Вале боздошти шаш нафар эътирозгарон нишон медиҳад, ки ҳукумат ҳарчанд дар баъзе мавоқеъ ақабнишинӣ кардааст, дар мавқеъҳои дигар ба сиёсати зӯргӯёнааш идома медиҳад.
Зоҳиран мақомот на танҳо қасоси шикастҳояш дар чанд мавқеъи дигарро мехоҳад дар ин самт ҷуброн кунад, ҳамчунин ҳанӯз ҳам омода нест ба мардум камтарин ҳақи эътироз қоил шавад. Ҳарчанд қонун ин ҳақро ба мардум додааст, мақомот ба кӯчактарин эътироз, ҳатто эътирозҳои якнафарӣ ва изҳори назари интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрди тунд мекунанд.
Аз як тараф боздошти 6 нафар дар Хуросон метавонад чашми мардумро тарсонад ва аз эътирозҳои минбаъдӣ дар ин шакл барои муддате пешгирӣ кунад. Аммо аз тарафи дигар ин иқдоми хеле беинсофона ва золимонаи мақомот метавонад боиси боло рафтани рӯҳияи эътирозӣ шавад. Боздошти онҳое, ки хонаву мошину чорвояшон зери хок монд, ҷоеву пуле барои зистан надоранд, ҳамсару фарзандонашон дар кӯчаҳо мондаанд, метавонад ба ҳезуми кайҳо хушкшуда ва дудгирифтаи сабри мардум оташ андозад.
Худро назди бинои ҳукумат аввал корд, сипас оташ задани сокини Кӯлоб нишон медиҳад, ки сабри мардум дар ниҳояти худ расидааст ва мунтазири камтарин оташаке аст, ки ба сӯхтори ҳамагире табдил шавад.