Categories Хабарҳо

Намози ҷамоъат дар Ӯзбекистон лағв шуд

Раиси Идораи мусалмонони Узбекистон эълом кард, иқомаи намози ҷамоат дар Узбекистон дар паи хурӯҷи коронавирус ба таври муваққат манъ мешавад.

Тавре расонаҳои узбекӣ иттилоъ медиҳанд, Усмонхон Алимов, раиси Идораи мусалмонони Узбекистон дар иттилоияи худ гуфтааст : Мусалмонони Узбекистон то беҳбуди вазъияти беҳдоштӣ аз коронавирус, аз намози ҷамоат худдорӣ кунанд.

Алимов таъкид кардааст: Дар чунин вазъияте афзоиши нархи маводи ғизоӣ, дору ва дигар васоили мавриди ниёз, эҷоди камбуди маснуӣ ва ҳамчунин пахши ахбори ваҳшатомез дар байни мардум шаръан ҳаром аст.

Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон, ки кишвари ҳамсояи Узбекистон аст, санаи 5 март мақомоти кишвар хондани намози бо ҷамоат дар масҷидро ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус манъ карда буданд. Аммо, дирӯз Кумитаи дини Тоҷикистон иҷоза содир кард, ки сар аз имрӯз 20 март эътиқодмандон метавонанд, бо риояи талаботҳои санитарӣ намозҳои худро дар масҷид, бо ҷамоат гузоранд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *