10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Коруно муҳорибаи Ҳабибро ҳам лағв кард

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ бо рақиби амрикоияш Тони Фергюсон дар шаҳри Ню -Йорк расман қатъ шуд.

Созмони варзиши размоиши бидуни қоидаи UFC  маҷбур шуданд, ки мусобиқаи UFC 249-ро дар Ню-Йорк ба сабаби хатари паҳншавии коронавирус пурра  қатъ кунанд

Дар ин бора дафтари матбуотии  мусобиқоти UFC хабар дода, гуфтааст, рақобати Ҳабиб ва Фергюсон дар Ню — Йорк доир намешавад.

Ба иттилои манбаъ, «ин тасмим тибқи дастурҳои Комиссияи давлатии варзишии Ню-Йорк (NYSAC), инчунин бо маҳдудиятҳои иёлоти Ню-Йорк, ки гузаронидани чорабиниҳои оммавиро манъ мекунад, қабул карда шудааст»

Мебоист муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммад қаҳрамони UFC ва Тони Фергюсон 18 апрел дар Ню — Йорк доир шавад.

Ҳоло кумитаи тадорукоти UFC дар бораи сана ва макони нави мусобиқаи UFC 249 қарор қабул мекунад, ки дар куҷо ва чигуна бояд доир шавад.

Дана Уайт,  раҳбари UFC гуфтааст «Тавсияшудааст, ки дар толор набояд аз 10 нафар зиёд ҳузур дошта бошад, ки ин ғайриимкон аст. Мо ин корро карда наметавонем. Мо ҳама талаботи табибон ва ҳукуматро иҷро кардем, аммо ҳоло ба ғайр аз ба таъхиргузории мусобиқа дигар илоҷ надорем”. 

Ин Дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Дана Уайт гуфта буд,  аз паи ҷустуҷӯйи макони нав барои қувваозмоии Нурмуҳаммадов ва Фергюсон аст ва эҳтимолан ин муҳориба бидуни тамошобин ва берун аз Амрико доир шавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *