Categories Хабарҳо

Муқобила бо коруно; Ду доруе, ки умедбахш шудаанд

Донишмандони нуқоти мухталифи ҷаҳон дар ҳоли ҳозир саргарми пажӯҳиш ва озмоиши ҳудуди 70 дору барои муқобила бо вируси коруно ҳастанд. Албатта танҳо 2 дору аз ин шумор умедбахш маҳсуб мешаванд. Дар ин миён озмоишҳои воксинҳои зидди коруно оғоз шудааст. 

Иттиҳодияи ширкатҳои дорусозӣ дар Олмон, ки бахшҳои пажӯҳише доранд, дар сайти интернетии худ беш аз 30 моддаи муассирро феҳрист кардаанд, ки метавонад барои муқобила бо вируси коруно ва бемории COVID-19 асарбахш бошад. 

Донишмандон ва пажӯҳишгарони нуқоти мухталифи ҷаҳон саргарми озмоиши ҳудуди 70 доруи гуногун барои муқобила бо коруно ҳастанд, ки дар байни онҳо доруҳои зидди молориё, доруҳои зидди обуло, ки натиҷабахш набудаанд ва ҳамчунин доруҳои зидди AIDS (СПИД) ва ревматизм ба чашм мехӯрад. 

Аз он ҷое, ки бархе аз онҳо барои муқобила бо дигар бемориҳо муҷаввизи лозимро гирифтаанд, метавонанд сареътар аз доруе ба бозор арза шаванд, ки бояд аз нав тавлид шавад. 

Вазорати беҳдошти Олмон аз комиссияи таҳқиқоти дорусозӣ дар ин кишвар хостааст, назар ва арзёбии худ дар мавриди асарбахш будани доруҳоеро ироа диҳад, ки дар ҳоли ҳозир барои муқобила бо вируси коруно мавриди озмоиш қарор доранд. 

Людвиг Волф Дитер, раиси ин комиссия, дар ҳоли ҳозир танҳо ду моддаи муассирро умедбахш медонад: 

Яке моддаи “ремдесивир” (remdesivir), ки донишмандон онро барои муқобила бо бемории ебола тавлид карданд ва акнун қарор аст дар ду пружаи пажӯҳишӣ рӯйи беморони мубтало ба вируси коруно дар Олмон озмоиш шавад. 

Моддаи дигар “хлорокюин” (chloroquin) ва ё “ҳидроксиклорокюин” (hydroxychloroquin) аст, як моддаи шинохташудаи зидди молориё, ки барои муқобила бо бемориҳои вирусии асарбахш аст ва аз ин рӯ метавонад бо фаъолитҳои вируси коруно муқобила кунад. 

Аксари ин ширкатҳо дар ростои тавлиди воксини мавриди назар роҳи ҷадид пеш гирифта, ба ин маънӣ, ки мекӯшанд бо истифода аз генҳои баргузидае аз вируси коруно воксине тавлид кунанд, ки пас аз тазриқ дастгоҳи эминии баданро масун мекунад. 

То кунун ҳеҷ воксине дар муқобила бо ҳеҷ як аз бемориҳо натавонистааст бо истифода аз ин шева ба тавлиди анбӯҳ бирасад. Аммо агар ин шева дар ин мавриди мушаххас натиҷабахш бошад, аз ин ҳусн бархурдор аст, ки метавон онро ба суръат ва дар миқодири зиёд тавлид кард. 

Яке дигар аз воксинҳои қадимӣ, ки пажӯҳишгарони институти мокс пулонк қасди озмоиш онро доранд, воксини VPM 1002 аст, ки дар муқобила бо бемории сил корбурд дорад. 

Ин модда агарчи наметавонад баданро дар муқобили вируси коруно масун кунад, аммо шояд битавонад дастгоҳи эминии бадинро барои муқобила бо ин вирус фаъол кунад. Аз ин тариқ шояд битавон мизони хатари марг бари асари ибтило ба вируси кируноро коҳиш дод.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *