Ҳамзамон бо интишори гузоришҳое аз сафари Исмоил Қаонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон ба пойтахти Ироқ, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар шабакаи твиттер ҳушдор дода, ки агар Эрон иқдоме алайҳи Амрико бикунад “баҳои сангинӣ” хоҳад пардохт.
Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе 1 апрел ҳамчунин дар як конфронси хабарӣ дар Кохи сафед ба хабарнигорон гуфт, ки иттилооти дақиқе ба дасти ӯ расида, ки гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Ироқ дар ҳоли тадоруки ҳамлае алайҳи Амрико будаанд, ки ӯ Эронро масъули он иқдом медонад.
Раисҷумҳури Амрико гуфт: “Мо ба онҳо мегӯӣем: Ин корро накунед, ин корро накунед. Агар даст ба ин кор бизананд барои онҳо хеле бад хоҳад шуд.”
Оқои Трамп афзуд, ки вокуниши эҳтимолии Амрико аз иқдоми низомии ахир алайҳи гурӯҳи Катоиби Ҳизбуллоҳ, ки тайи он Амрико дар вокуниш ба ҳамлаи рокити маргбор чанд марказ мунтасаб ба ин гурӯҳро бомбаборон кард, “бузургтар хоҳад буд.”
Ӯ гуфт, ки дар вокуниши эҳтимолии худ “дар занҷираи ғизоӣ боло хоҳад рафт”, ки ба назар мерасад ба маънои он бошад дар назар дорад дар ҳалқаи силсиламаротиби мавҷуд байни нерӯҳои эронӣ ва гурӯҳҳои наёбатиаш радаҳои болотарро ҳадаф қарор бидиҳад.
Рӯзномаи Уол Стрит Журнол ба нақл аз манобеъи худ дар давлати Амрико навиштааст, ки Вашингтон дар бораи амалиёти эҳтимолие, ки гумон мекунад Эрон дар ҳоли тадорукии он аст, дар зарфи ду ҳафтаи гузашта ба таври физоянда иттилооте дарёфт кардааст. Як мақоми ношинос ба ин рӯзнома гуфтааст: “Мо интизор дорем ба зудӣ иттифоқе биафтад.”
Аз тарафи дигар, гузоришҳое аз сафари Исмоил Қаонӣ ба Бағдод мунташир шудааст. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бо нақли ин хабар аз қавли чаҳор мақоми ироқӣ, ки ҳувиятшон фош нашуда, навишта, ки ҳадаф оқои Қаони аз сафар ба Ироқ эҷоди ҳамгароӣ миёни гурӯҳҳои мухталифи шиъа аст.
Исмоил Қаонӣ ҷонишини Қосим Сулаймонӣ шудааст, ки се моҳ пеш дар ҳамлаи паҳподи Амрико дар Бағдод кушта шуд.
Ҷанги лафзии мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар бораи Ироқ дар ҳоле дар рӯзҳои ахир ду бора боло гирифта, ки ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба суқути қимати нафт ва бунбасти сиёсие чанд моҳа бо буҳрони камсобиқа рӯ ба рӯ аст.
Дар Вашингтон раҳбарони демократҳо дар Кунгира дар номаи муаррихӣ 27 март ба Доналд Трамп ҳушдор додаанд пеш аз даст задан ба ҳар гуна иқдоми низомӣ аз ҷумла алайҳи Эрон, ки метавонад ба ҷанг мунҷар шавад, мутобиқи қонун муваззаф аст, ки Кунгираро матлаъ кунад.
Ненси Пелосӣ ва сенатор Чак Шумер раҳбарони демократҳо дар маҷлисҳои намояндагон ва Сено дар канори шаш узви аршади дигари Кунгира навиштаанд, ки давлати оқои Трамп дар моҷарои куштани Қосим Сулаймонӣ ба он вазифа қонуни амал накард.
Ассошиэйтед Пресс ба нақл аз як мақоми ироқӣ мегӯяд яке аз масоиле, ки оқои Қоонӣ дар сафараш ба Ироқ матраҳ карда мухолифати Эрон ва Сипоҳи посдорон бо нахуствазир Аданон Зарфӣ аст, ки танҳо чанд ҳафта барои ташкили кобина фурсати қонунӣ дорад.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс , ба нақл аз як мақоми аршади шиа дар Ироқ, сафари фармондеҳи ҷадиди Сипоҳи Қудсро “аввалин озмуни ӯ дар ҳамгароӣ мавозеъи шиаъён, монанд коре, ки Сулаймонӣ мекард» тавсиф кардааст.
Оқои Сулаймонӣ равобити густурда ва наздике бо сиёсатмадорон ва раҳбарони низомӣ дар Ироқ дошт. Ў ҳамроҳ бо Абумаҳдӣ Муҳандис, раҳбари Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ кушта шуд.
Абумаҳдӣ Муҳандис дар мақоми фармондеҳи низомии Ҳашд-уш -шаъбӣ нақши муҳимме дар басиҷи гурӯҳҳои шабҳинизомии мухталифи шиа дошт.
Хабаргузории Рейтерз мегӯяд ҷонишин ӯ, Абдулазиз Алмаҳмадовӣ (маъруф ба Абуфадак) дар ҷалби ҳимояти дигар раҳбарони шиъа муваффақ набуда ва ҳатто дар миёни аъзои гурӯҳи худаш, яъне Катоиби Ҳизбуллоҳ ҳам мухолифоне дорад.
Амрико Катоиби Ҳизбуллоҳро масъули ҳамла ба пойгоҳҳояш дониста ва ҳамалотеро алайҳи мавозеъ ва аъзои он анҷом додааст.