Ҳукумати Тоҷикистон воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро барои эҳтиёҷоти шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мекунад.
Ин имтиёз танҳо нисбати маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ки аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе” ба пойтахти ҷумҳурӣ ворид мешавад, амал мекунад.
Дар қарори моҳи гузашта қабулшудаи ҳукумат дар ин маврид дастур дода шудааст, ки номгӯйи маҳсулоте, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд, тасдиқ карда шавад.
Зимни воридоти маҳсулот, аз ҷумла 50 ҳазор тонна шакар, 10 ҳазор тонна равғани растанӣ, 70 ҳазор тонна гандум, 10 ҳазор тонна орд ва 2 ҳазор тонна биринҷ аз онҳо ин навъи андоз ситонида намешавад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон баҳри бароварда сохтани эҳтиёҷоти дохилии худ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ворид мекунад. Дар дохили худи кишвар ин навъи маҳсулоти барои фаъолияти инсон зарурӣ ба таври кофӣ истеҳсол намешаванд.
Орду гандум асосан аз Қазоқистон, шакар – аз Беларусу Русия, биринҷ – аз Чин, равғани растанӣ – аз кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ оварда мешаванд.
Чанде қабл Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ содироти баъзе маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё . Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон, дар анборҳои ин сохтор барои 9,5 млн нафар аҳолии кишвар дусола захираи маҳсулот нигаҳдорӣ мешавад. Аммо, коршиносон ба ин шубҳа мекунанд. Чун дар ҳолатҳои кам шудани маҳсулоти воридоӣ нархҳо якбора боло мешаванд ва мақомот аз уҳдаи ба низом даровардани нархҳо намебарояд.
Аз маҳсулоти дар рӯйхат зикршуда Тоҷикистон худро бо пиёз, сир (чеснок), шалғам, тухмии офобпараст ва биринҷ таъмин карда метавонаду халос.