Ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд барои Итолиё 11 миллион дона ниқоби тиббӣ омода ва содир мекунад. Ин тадбир дар доираи қарордоди имзошудаи ҳамкорӣ байни ин ширкат бо ширкатҳои итолиёвӣ амалӣ гардонида мешавад.
Сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Абдурауф Пулодов гуфтааст, ки ҳоло корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунад.
Корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз соли 1994 фаъолият дошта, дар он усули пурраи коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Ҷавонӣ» маҳсулотро дар асоси фармоиши бренди “Карера”-и Итолиё истеҳсол намуда, 95 фоизи маҳсулоти тавлидотии корхона, аз қабили шим, нимшим ва ғайра, ки аз матои ҷинс дӯхта мешаванд, қаблан ба Итолиё содирот мегардид.
Ҳамзамон ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ» дар Маркази савдои Тоҷикистон, собиқ универмаги марказӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе дорои нуқтаи фурӯши маҳсулоти тавлидотӣ мебошад. Инчунин маҳсулоти «Ҷавонӣ» дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ муаррифӣ гардидаанд. Корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли давлатҳои аврупоӣ ҷиҳозонида шуда, дар он беш аз 750 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд.