Categories Хабарҳо

Ширкати хонаводагии Раҳмон дар хидмати шаҳрвандони хориҷӣ

Субҳи имрӯз, 8-уми апрел як ҳавопаймои «Сомон Эйр»  аз Душанбе ба Мюнхени Олмон парвоз кард. Тибқи Радиои Озодӣ ба истинод ба масъулони ширкат, ҳавопаймо асосан шаҳрвандони хориҷиро ба Аврупо бурдааст.

Ин парвоз аз чанд рӯзи қабл тарҳрезӣ шуда ва сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандонашонро аз он огоҳ сохтаанд. Маълум нест фармоишгари ин парвоз кадом кишвар ё созмон аст. 

Сафорати Бритониё дар Душанбе рӯзи 7-уми апрел аз шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон хост, ки агар қасди сафар ба Аврупоро доранд, метавонанд билети ҳавопайморо аз дафтари «Сомон Эйр» гиранд ва қиматаш 400 евро аст.

Масъулони сафорати Амрико дар Душанбе низ гуфтанд, бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» чанд шаҳрванди одии ин кишвар ба Олмон рафтаанд.

Як масъули ширкати «Сомон Эйр» ҳам гуфтааст, илова ба парвози рӯзи чаҳоршанбе, як парвози дигари махсус ба Аврупо аниқтараш ба шаҳри Франкфурти Олмон аз 17 то 20-уми апрел дар назар аст. 

Дар ҳамин ҳол масъулини “Сомон Эйр” эълон накардаанд, ки дар бозгашт ҳавопаймо киҳоро ба кишвар меорад. «Озодӣ» аз гурӯҳи 40-нафараи шаҳрвандони тоҷик хабар медиҳад, ки дар Аврупо дармондаанд, аммо бозгашти онҳо бо ин ҳавопаймо матраҳ нест.

Тибқи маълумоти Паём шаҳрвандони дармонда дар Аврупо, ки аз мақомот дархости кӯмак барои баргашт кардаанд, ҳудуди 50 нафаранд. Онҳо барои тиҷорат, табобат ва ҳадафҳои дигар ба Аврупо рафта буданд ва бояд дар озири моҳи март — аввали апред ба кишвар бармегаштанд. 

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи сомонаи “Авесто”, сафорати Амрико низ дар фикри шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон аст ва гузинаҳои онро меомӯзад. Яке аз гузинаҳо ташкили рейси чартерӣ аст, ки тибқи эълони сафорати Амрико, имкон дорад қимати ҳар билет 1500 долларо ташкил диҳад. 

Сафорат дар эълоне, ки дар сойти расмиаш нашр кардааст, аз шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон хостааст барои баргаштан ба Амрико ба сафорат муроҷиъат кунанд. 

Ташкили парвоз ба Аврупо ва имкони суратгирии як парвози чартерӣ ба Амрико аз дар ҳолест, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ ва ҳатто фурӯдгоҳҳо дармондаанд ва мақомоти Тоҷикистон дар фикри баргардонидани онҳо нестанд.

Имрӯз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурӯдгоҳи Толмачевои Новосибирск 20 рӯз боз бо мо дар тамос шуда, аз вазъи бисёр бади будубошашон дар ин фурӯдгоҳ хабар доданд. 

Гуфтанист, шаби 31 март мақомоти Русия беш аз 300 муҳоҷири дармонда дар фурӯдгоҳи “Домодедово”-и Маскавро, ки ҳудуди 200 нафарашонро тоҷикон ташкил медоданд, аз бинои фурӯдгоҳ . 

Суоли матраҳ ин аст, ки вақте “Сомон Эйр”-и мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикитсон Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба хотири ба хонаҳояшон расонидани шаҳрвандони хорииҷӣ парвоз анҷом диҳад, чаро ҳамин парвозро барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷро намекунад? Шаҳрвандоне, ки 10 сол аст 90 дарсади даромадҳои ин ширкати хонаводагиро таъмин мекунанд.  

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *