Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аз Сандуқи Байналмилалии Пул дубора дархост кард, ки ба кишвараш қарзи чанд миллиардоллариеро ихтисос бидиҳад, то барои мубориза бо хуруҷи бемории КОВИД 19 сарф кунад. “Рӯҳонӣ рӯзи 8 -уми апрел дар нишасти ҳукумат, ки дар телевизион намоиш доданд, гуфт: “Мо узви Сандуқи Байналмилалии Пул ҳастем. Ва инҷо дар қарз додан набояд ҳеҷ табъизе вуҷуд дошта бошад.”
Бонки Марказии Эрон моҳи гузашта аз Сандуқи Байналмилалии Пул дархост кард, ки аз хазинаи кӯмакҳои фаврии махсус барои мубориза бо коронавирус 5 миллиард доллар қарз бидиҳад. Аммо бинобар маълумоти расонаишуда, Эрон дар ҷавоби дархости пул ҷавоби рад гирифт.
Эрон яке аз кишварҳоест, ки гирифторону қурбониёни КОВИД-19 дар он бисёр зиёд аст. Ба гуфтаи мақомот, то кунун вирус ба 62 500 нафар сироят карда ва 3800 касро куштааст, вале мутахассисон мегӯянд, ки Эрон ҳақиқатро пинҳон медорад ва миқёси густариши вирус васеътар аз он аст, ки гуфта мешавад.
Пандемияи коронавирус ҳоли иқтисоди Эронро, ки аз таҳримоти иқтисодии Амрико сахт осеб дида буд, бадтар кард. Амрико соли 2018 аз созиши байналмилалии атомӣ бо Эрон хориҷ шуд ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди ин кишварро барқарор кард.