Categories Хабарҳо

Тақвияти назорат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои мубориза бо паҳншавии вируси  COVID-19, марзҳояшонро тақвият бахшиданд.

Тавре Хадамоти марзбони Қирғизистон хабар медиҳад, имрӯз намояндаи марзбонии Қирғизистон дар минтақаи Лайлак бо ҳамтои тоҷикистониаш дар минтақаи Ғончӣ мулоқот кардааст.

«Хадамотҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон сарҳади давлатии байни ҳамдигарро мустаҳкам карданд. Онҳо дар минтақаҳое, ки эҳтимоли иртиботи бевоситаи мардуми ду кишвар калон аст, дастаи изофагии марзбононро ҷой доданд», — омадааст дар иттилои манбаъ.

Феълан шумораи гирифторони COVID-19 дар Қирғизистон 430 нафарро ташкил медиҳад, ки аҳволи 11 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад.  Бино бар маълумоти пешакӣ, бо сироятёфтагон бештар аз 7 ҳазор нафар иртибот доштанд.

Гуфта мешавад, дар кишвар 71 бемори COVID-19 сиҳат шуданд. Панҷ тан қурбони коронавирус гаштанд. 

Дар чанд шаҳри Қирғизистон, аз ҷумла пойтахташ Бишкек ҳолати фавқуллода эълон шудааст. 

Дар Тоҷикистон феълан ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ нашудааст. 

Созмуни умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март коронавирусро пандемия эълон кард. Бино бар омори ахир, дар ҷаҳон 1,8 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 113 ҳазор кас аз он фавтидаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *