Рубрики Хабарҳо

Қисми хароҷоти буҷа ҳамагӣ 56% иҷро шудааст

Нақшаи қисми хароҷоти буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ, тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳамагӣ 55,8% иҷро шудааст.

Ба гузориши Азия Плюс, дар ин давра мувофиқи нақшаи тасҳеҳшуда, маблағгузории буҷетӣ дар умум бояд беш аз 5,7 млрд сомониро ташкил медод. Лекин иҷрои нақша оид ба хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи ҳамагӣ ҳудуди 3,2 млрд сомонӣ амалӣ шуд.

Аз ҷумла ҳаҷми иҷрои нақшаи маблагғузории буҷетӣ ба соҳаҳои саноат ва сохтмон – 20,8%, фарҳангу варзиш – 35%, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 35,2%, нақлиёту коммуникатсия – 42,6%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 49,4%, маориф – 55,3%, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 55,7%, тандурустӣ – 57,6%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, қисми даромади буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-фервали соли равон тибқи маълумоти Вазорати молия, 99% иҷро шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои ба буҷет воридшуда қариб 3,5 млрд сомониро ташкил дод.

Наздики 78% аз ҳаҷми умумии даромадҳои буҷетро маблағи пардохтҳо аз андоз (ҳудуди 2,8 млрд сомонӣ) ташкил доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11,4% ё худ 275 млн сомонӣ зиёдтар аст.

Аз андозҳои асосӣ ҳаҷми пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ба миқдори 143 млн сомонӣ), андоз аз даромад ва андоз аз фоида (26,7 млн сомонӣ) ва аксизҳо (23,1 млн сомонӣ) афзуданд.

Дар инфографикаи зер дар бораи даромаду хароҷоти буҷет маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *