11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Китобфурӯше, ки ба беморони мубтало ба коруно дар Ҳирот китоби ройгон медиҳад

Дар гармогарми чолишҳои саргармкунандаи рӯзҳои карнтин дар пайи шуйӯъи вирус коруно, фаъолияти тоза ва муассире дар Ҳирот дар ғарби Афғонистон дар ҳоли шурӯъ шудан аст. 

Молики яке аз китобфурӯшҳои Ҳирот гуфта, ки барои беморони гирифтор ба СOVID-19 ҳамчунин донишҷуён ва муштариёни ниёзманд наздик ба 1500 ҷилд китоб, шомили китобҳои саргармкунанда ва илмӣ эҳдо карда ва ин раванд идома дорад. 

Дар ин рӯзҳо шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон чолишҳои саргармкунандаеро роҳандозӣ кардаанд. 

Тарошидани сар дар миёни мардон, шарик сохтани оҳангҳои шод, мушоира, муаррифии китобҳои хуб ва филмҳои диданӣ бахше аз ин чолишҳо аст. 

Аммо иқдомоти фарҳангӣ, аз ҷумла эҳдои китоб аз ҷумла рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳ дар ин миён аст. 

Абдуллоҳ Муъминӣ, китобфурӯш дар гуфтугӯе бо БиБиСи гуфтааст аз вақте маҳдудияти рӯзгардӣ дар Ҳирот вазъ шуда, як ҳазору 400 китоб ба алоқамандони мутолиа эҳдо карда ва ин раванд идома дорад. 

Оқои Муъминӣ мегӯяд: “Ду ҳазор ҷилд китобро барои эҳдо дар назар гирифтам. Аз китобҳои мухталиф ва равоншиносӣ, ки ба мардум ангеза бидиҳад. Рӯҳияи мардумро тақвият кунад ва ангезаи зиндагӣ халқ кунад. Ин китобҳо дар ихтиёри ҷомеаи ҳиротӣ гузоштам.” 

Достон аз он ҷо шурӯъ шуд, ки шуморе аз донишҷуён дар тамосҳои телефонӣ аз оқои Муъминӣ хостанд то дар рӯзҳои карантин ба онон китоб ба кироя бидиҳад. Аммо ӯ тасмим мегирад, ки китобҳоро барои ҳамеша ва ройгон тавзеъ кунад. 

Ба гуфтаи ӯ арзиши маҷмӯъи ду ҳазор китобе, ки барои эҳдои ройгон дар назар гирифта ба 200 ҳазор афғонӣ (наздик ба се ҳазор доллар) мерасад. 

Ӯ ин китобҳоро ба се гурӯҳ эҳдо мекунад. Афроде, ки гирифтор ба бемории коруно шудаанд, дар шифохона ё хона бистарӣ ҳастанд, ба донишҷуёни алоқаманд ва муштариёни доимии китоб. 

Оқои Муъминӣ аз дигар китобфурӯшони Ҳирот мехоҳад, ки дар ин амри хайр ширкат кунанд. Зоҳиран чолиши тозае дар роҳ аст. 

Ӯ мегӯяд:”Ман аз тамоми ноширон ва китобфурӯшони Афғонистон ва махсусан Ҳирот мехоҳам, ки ба ин кори фарҳангӣ бипайванданд. 

Ӯ гуфт: “Аз ман пурсиданд, ки ту донишҷӯӣ? Гуфтам бале. Гуфтанд донушҷуйӣ чӣ? Гуфтам тибб (пизишкӣ). Боз чанд то китоби тиббиро бароям туҳфа доданд. Китобҳое, ки барои ман кумаккунандааст. Ин метавонад хеле муфид бошад чун вақте зиёд барои мутолиа кардан дорем.”

Аз замони шурӯъи қуюди рӯзгардӣ дар ғарбӣ Афғонистон, идомаи дарс ва таҳсил дар хона ҳам ба далели маҳдудияти дастрасӣ ба манобеъ бо душворӣ рӯ ба рӯ шуда ва аз ҷониби дигар бисёре аз донишҷӯён ва алоқамандони китоб аз лиҳози иқтисодӣ дар вазъияти сахте қарор доранд. 

Аз ин рӯ чолиши тавзеъи ройгони китоб метавонад як тиру ду нишон ба нафъи афроди босавод аммо фақири ҷомеа бошад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *