Рубрики Хабарҳо

Охирин иштибоҳи Эмомалӣ Раҳмон

Бо розӣ шудан ба қабули раёсати Шӯрои Олӣ дар соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон аввалин иштибоҳи сиёсии худро содир кард. Имрӯз ҳамон иштибоҳро ба дӯши писараш бор мекунад. Аммо бори дӯши писараш ба маротиб гаронтар хоҳад буд.

Агар супоридани идораи як кишвар, он ҳам кишвари дар ҳоли ҷанги шаҳрвандӣ ба раиси як колхози наздикшуда ба муфлисӣ бинобар ноӯҳдабароии раҳбараш ҷинояте буд, ки вакилони он шӯро содир карданд, қабули ин масъулият аз тарафи худи ӯ иштибоҳи аввалини сиёсиаш буд. Раиси як колхоз, ҳатто агар раиси муваффақ ҳам мебуд, бе таҷрибаи сиёсӣ наметавонад кишваро идора кунад. Чӣ гунае, ки худи Раҳмон эътироф мекунад, он замон ӯ ҳамагӣ 40 рӯз таҷрибаи сиёсӣ дошт. Аслан инро ҳам таҷриба гуфтан чандон дуруст нест. Ҳарчанд ӯ раҳбарии вилояти Кӯлобро ба ӯҳда дошт, аз тарафи як ҷинояткор ва нафари комилан бесавод Сангак Сафаров таъин шуда ва идора мешуд. Яъне ихтиёри идора дар дасти худаш набуд. Бояд аз ҳамон таҷрибаи чилрӯза дарс мегирифт, ки раҳбар ва лӯхтак будан дар як замон чӣ таҷрибаи талхест. Раёсати Кӯлобро гирифтанашро ба он хотир иштибоҳ наменомем, ки шояд ихтиёр дар дасташ набуд ва Сангак маҷбураш карда буд онро пазирад. 

Вале таҷрибаи талхи 40-рӯза барояш дарс нашуд ва на танҳо раёсати як кишвари фурӯрафта дар оташи ҷанг, балки ҳалқаи бардагии якбора чанд хоҷаи хориҷиро ба дӯш гирифт. Агар итоат аз фармонҳои Ислом Каримов барояш нанги чандоне набуд, гӯш ба фармони як сарҳанги рус будан на танҳо барои раисҷумҳур, ҳатто барои як раиси колхоз нанг аст. 

Иштибоҳи дуввуми ӯ ворид шудан бо артиши хориҷӣ ба пойтахти кишвари худаш буд. Ҳанӯз дар таърих ҳеҷ нафаре, ки артиши бегонаро ба кишвараш овардааст, сафед нашудааст. Ҳамаи онҳо ба як унвон ёд мешаванд — хоин. 

Аммо Эмомалӣ Раҳмон шонси на танҳо сафед шудан, балки қаҳрамони миллӣ гаштану номашро сабти абадият карданро дошт. Бо розӣ шудан ба сулҳ (ҳарчанд зери фишори Русияву Эрон) ва баргардонидани даҳҳо ҳазор муҳоҷир ӯ ба қаҳрамони миллӣ табдил шуда буд. Метавонист дар ҳамин мавқеъ ба карераи сиёсиаш хотима бахшаду барои ҳамеша қаҳрамон бимонад. Аммо аз ин шонсаш истифода накард ва иштибоҳи саввумашро содир кард.

Шонси дигари бунёди як кишвари демокросӣ ва пешрафта бо ҷалби нухбагону  технократҳо буд. Аммо ҷои ин ӯ ҳаммаҳалҳо ва ҳамяроқонашро ба қудрат овард. Баъдан, бо бузург шудани фарзандонашу бештар шудани шумори қудову андаҳояш маҷбур шуд тамоми ҳамяроқони қаблиашро аз мансабҳо ронда, қисмати зиёди онҳоро ҳабс кунад ва ё ҳатто нобуд созад. 

Иштибоҳҳои ӯро ҳамин тавр мешавад зина ба зина баршумурд — то ба монополияи фарзандонаш додани бизнесҳову ба сиёсат ҷалб кардани онҳо. Аммо ҳоло мавзӯъ охиин иштибоҳи ӯст: нафари дуввум кардани писараш Рустами Эмомалӣ.

Сиёсатмадорони зирак замони бӯҳронҳо, чӣ сиёсиву чӣ иқтисодӣ ва чӣ иҷтимоӣ, мекӯшанд нақши худ дар сиёсатро камтар карда, қисмате аз масъулияти идораи давлатро ба дигарон биспоарнд, то шикасту рехтҳои замони бӯҳрон бори дӯши дигарон шавад. Гоҳе ҳатто комилан аз сиёсат канор мераванд. Аммо Раҳмон ҳамон иштибоҳи худро, ки замони ҷанг идораи кишварро ба дӯш гирифта буд такрор кард ва замони сахттарин бӯҳрони сад соли охир идораи кишварро ба дасти писари ҷавон, камтаҷриба ва бесаводаш месупорад.

Шароити писараш аз худаш бамаротиб вазнинтар аст. Он замон ба ӯ тамоми ҷаҳон кӯмаки молӣ мекард ва ними дунё кӯмаки сиёсӣ. Ҳоло ҳама кишварҳо машғули мушкили худашонанд ва дар гумон аст, ки хоҳиш ва тавони кашола кардани як аробаи шалақ ба раҳбарии як ҷавони бесавод, камтаҷриба ва фасодзадаро кадоме аз онҳо дошта бошад. Магар хоҳиши аз худ кардани ин ароба аз тарафи баъзе абарқудратҳо бо истифода аз ночории он.  

Шояд ин шитоби ӯ ба ин хотир аст, ки худаш кафолати расидан то анҷоми бӯҳрон ё ҳатто интихоботи раёсатҷумҳуриро надорад — ҳадсу гумонҳо ва ҳатто иттилоъоте дар бораи чанд бемории лоилоҷи ӯ садо додаанд.  Шояд хостааст аз интиқоли қудрат ба дигарон баъди маргаш ҷилавгирӣ кунад. Вале ҳам барои худашу фарзандонаш ва ҳам барои миллат беҳтар мебуд дар ин марҳалаи замон идораи давлатро ба дасти технократҳову мутахассисон биспорад, то тавонанд киштии сӯрохи кишварро аз дарёи пурталотуми буҳрон берун кашанд. 

Сахтии бӯҳрон ба ҳадест, ки ҳатто дар кишварҳои низомашон демократӣ, ки идораи кишвар ва масъулияти ҳама паёмадҳои он дар дасти афроди зиёдест, раҳбарону сиёсатмадорон ба гиря афтодаанду истеъвфо медиҳанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон низоми Тоҷикистонро ба сатҳе расондааст, ки аз сарвазир сар карда то кӯчактарин мансабдор бидуни иҷозаи ӯ ҳақи тасмим гирифтанро надорад. Ҳатто вируси саросарӣ  ҳақ надорад бе иҷозаи ӯ вориди кишвар шавад. Ҳоло, ки даҳҳо нафар бо нишонаҳои бисёр шабеҳ ба коруно ҷон додаанд, аз гирифтори ба вируси даҳҳо оила хабарҳо мерасанд, бузургтарин деҳаи ҷумҳурӣ — Хистеварз бо 50 000 аҳолӣ комилан карантин шудааст ва ғайра, ҳанӯз ҷанобашон ба вирус иҷоза намедиҳанд ба кишвар ворид шавад. Маҳз дар ҳамин ҳолат ӯ идораи кишварро бо писару духтараш тақсим мекунад ва масъулияти тамоми шикасту рехтҳо дар замони бузургтарин бӯҳрони ҷаҳониро ба дӯши оилаи худаш мегузорад. 

Ҳатто пурқудраттарин кишварҳои ҷаҳон кафолати аз ҳам напошидан дар асари ин бӯҳрони бузургро надоранд, ҷӣ расад ба кишваре қашшоқ, фасодзада ва дастнигар чун Тоҷикистон. 

Бо гумони ғолиб, Эмомалӣ Раҳмон охирин иштибоҳи худро содир кард. То исмҳои писару духтараш ҳам дар қатори исми худаш барои ҳамеша дар саҳифаи сиёҳи таърих сабт гарданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *