Рубрики Хабарҳо

Номаи дуввуми тоҷикони дармонда дар Ҳинд ба Эмомалӣ Раҳмон

Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик, ки ба иллати қатъи парвозҳо дар Ҳиндустон ба сар мебаранд дархости бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.

90 нафар аз шаҳрвандони тоҷик, ки ба далели қатъи парвозҳои Душанбе- Деҳлии нав дар Ҳиндустон ҳастанд,  як моҳи охир бо ирсоли дуввумин нома аз раисумҳури Тоҷикистон дархости кумак барои бозгашт ба Тоҷикистонро карданд. 

Тавре хабаргузории Спутник иттилоъ медиҳад, 11 нафар аз онҳо барои ҷарроҳӣ ва дармон ба Ҳиндустон сафар карда будаанд, ки аз 20 март то ҳол ба иллати қатъи парвозҳо натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд. 

Вазъи умумии теъдоде аз беморони тоҷик, ки пас аз дар беморхонаҳои Ҳиндустон ҷарроҳии гурда, қалб, чашм ва саратон шудан   ниёз ба муроқибатҳои вижа доранд, бадтар шудааст. 

Ҳамчунин теъдоде донишҷӯи тоҷик дар миёни онон ҳастанд, ки пуле барои мондан дар Ҳиндустон надоранд. 

Гуфтанист, чанд соли охир аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон бештар ба хотири муолиҷаи беморӣ сафар мекунанд. Тибқи маълумоти дарёфтӣ ҳоло аксари дармондагон дар фурудгоҳи Деҳлии нав бемороне мебошанд, ки ба тозагӣ аз беморхонаҳо мураххас шудаанд ва ба идомаи муроқибати тиббӣ ва дармонёбӣ ниёз доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *