Рубрики Хабарҳо

Amnesty International дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои нав мушоҳида кардааст

Созмони маъруфи дидабони ҳуқуқи башар Amnesty International,  Афви Байнулмилал, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, рӯзи 16-уми апрел нави худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2019 дар Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр кард.

Тибқи гузориш, соли гузашта дар Тоҷикистон «маҳдудиятҳои нав» мушоҳида шуд. «Мақомот бо баҳонаи таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолони сиёсӣ, вакилони мустақил, журналистон, намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ ва наздикони онҳоро таъқиб мекарданд.»

Дар оғози гузориш омадааст, ки ҳукуматҳои Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ эътирозҳоро саркӯб карда, мехоҳанд, мустақилии низоми додгоҳиро ба хотири фирор аз масъулият ба ҳам зананд.

Марие Струзерз, раҳбари бахши аврупоии созмони Афви Байнулмилал, дар муаррифии гузориши нав гуфтааст, «соли 2019 мардуми Аврупову Осиёи Марказӣ таҳдиду озор дида, таъқиб шуданд ва. аз ҷониби полис мавриди фишор ва табъиз қарор гирифтанд. Бо ин вуҷуд, омодагии мардуми боҷасорат барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҳукуматҳо барои оянда як умеде мебахшад».

Марбут ба Тоҷикистон созмони Афви Байнулмилал дар гузориши худ  ба ​ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат, марги 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе, сабти 11 ҳодисаи шиканҷа дар семоҳаи аввали соли 2019, бозгардондани маҷбурии фаъоли мухолифин Шарофиддин Гадоев, фишор болои хонаводаҳои аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24, ҳукми додгоҳиву шароити сангини зиндони ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, боздошту иттиҳоми қаллобии адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода, шиканҷа шудани Муҳаммадалӣ Ҳаит дар зиндон ва ҳодисаҳои дигар таваҷҷуҳ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *