Сахтгириҳои иштибоҳӣ дар тарбияи кӯдак
Дар байни мардум одатан оиди зулми фарзандон ба падару модар, бероҳагӣ, кӯтоҳӣ дар ҳаққи волидон ва мушкилиҳои дигари фарзандон сухан мераванд. Оиди зулми падару модар дар ҳаққи фарзанд, моён хеле кам мешунавем, зеро волидон бо он табиати падару модарие, ки доранд дидаву дониста дар ҳаққи фарзандон зулм намекунанд. Оре, гоҳе мешавад, ки падар ва ё модар ба фарзанд зулм мекунад, натиҷаи зулми падарро дар фарзанд ҳама мушоҳида мекунанд, аммо вақте ба падар баргаштем, аз зулми падар пурсидем, падар дарҳол ҷавоб медиҳад: “Бо ин амалам, ман ба фарзандам танҳо некӣ хостам”.
Вале ҳамеша бояд байни хостаҳо ва натиҷаҳо фарқ кард, хелеҳо мехоҳанд некӣ кунанд, аммо амалеро иҷро мекунанд, ки хилофи нияташон аст. Баъзе амалҳои волидон сабаб мегардад фарзанд, зери зулми нохостаи волидон қарор гирад, волидонро сабабгори аслии бадбахтиҳояш шуморад, то ҳадди имкон аз волидон дур зистанро таманно кунад.
Ташаддуд дар дин
Баъзе падару модар, махсусан баъзе падарон гумон мекунанд, аз ҳад зиёд сахтгирӣ кардан дар дин, сабаби дар оянда солеҳ гаштани фарзандашон мегардад. Воҷиботҳои диние, ки ба кӯдак фарз нест, бо зӯр ба гардани кӯдак мениҳанд. Кӯдакро маҷбур мекунанд, мисли бузургон қонунҳои шариатро иҷро кунад.
Кӯдаки нӯҳсоларо намоз хон гӯён, маҷбур мекунанд, духтарчаи ҳаштсоларо сатр пӯш гӯён, маҷбур месозанд, тифлаконро ҳатман бояд рӯза гирад гӯён, амр мекунанд. Ҳол он, ки мувофиқи ҳадиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам кӯдакро то даҳсолагӣ барои намоз асло маҷбур карда намешавад. Аз ҳафтсолагӣ омӯзиши намоз шурӯъ мегардад, то даҳсолагӣ. Пас аз даҳсолагӣ, агар рафту кӯдак саркашӣ кард, волидон амр мекунанд, кӯдак намозашро мураттаб бихонад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
مروا ابناءكم بالصلاة و هم ابناء سبع و اضربوهم عليها و هم ابناء عشر و فرقوا بينهم في المضاجع
Вақте фарзандонатон ҳафтсола шуданд, ба онҳо намозро ёд диҳед, вақте даҳсола шуданду намоз нахонданд, барои танбеҳ онҳоро бизанед. (Муснади Аҳмад)
Ин ҷо Паёмбар салаллҳу алайҳи ва саллам ба мо мегӯянд, ки аз ҳафтсолагӣ омӯзиши намоз шурӯъ мешавад. Кӯдак танҳо барои ёд гирифтан намозро оғоз мекунад. Дар вақти омӯзиш, албатта хато мекунад, кӯтоҳӣ мекунад, баъзан тарк мекунад, инҳо ҳама оддӣ ҳастанд ва набояд кӯдакро барои хатогӣ дар намоз, кӯтоҳӣ ва ё ҳатто тарки намоз танбеҳ карда шавад. Инчунин аз ҳафтсолагӣ то даҳсолагӣ, агар кӯдак хатое кард ва ё дар баъзе рӯзҳо тарки намоз кард, ҳеҷ гуноҳе барои кӯдак ва ё волидон вуҷуд надорад. Марҳалаи аз ҳафт то даҳсолагӣ марҳалаи омӯзиши намоз аст.
Хоҳару бародароне ҳастанд, ки худ дар сисолагиву бистсолагӣ ба намоз шурӯъ кардаанд, аммо кӯдаки нӯҳсолаи худро маҷбур месозанд, дар вақташ тамоми намозҳояшро бо кулли арконҳояш иҷро кунад. Ҳол он, ки барои кӯдаки нӯҳсола намоз фарз нест, ӯ танҳо дар марҳалаи омӯзиши намоз қарор дорад.
Инчунин дар ҳадис Паёмбар салаллҳу алайҳи ва саллам мегӯянд, вақте кӯдак даҳсола шуду дар намоз тамбалӣ кард, ба хотири намоз онҳоро бизанед. Калимаи “задан” дар ҳадис маънои задану дард кашонидани кӯдак нест. Вақте ба шарҳи ҳадис нигоҳ мекунем, тамоми уламо дар шарҳ мегӯянд, кӯдакро ба хотири ҷазо додан на, балки ба хотири танбеҳ додан бо мисвок мезанед, он гуна, ки кӯдак осеб набинад, аммо дарк кунад, ки намоз нахондани ӯ, сабаби ғазаби падару модар гаштааст.
Дар вақти кӯдакро танбеҳ додан дур аз чашми хоҳару бародаронаш, дур аз чашми дӯстонаш танбеҳ медиҳем, то ки обрӯи кӯдак дар назди ҳамсинну солонаш наравад. Инчунин, ба чеҳраи кӯдак задан, ҳатто бо мисвок бошад ҳам, ҳаром мебошад.
Масалаи намоз хондани кӯдакон ва ба масҷид рафтани кӯдакон то даҳсолагӣ тавре бояд анҷом шавад, ки кӯдак намозро як кори душвору иҷборӣ қабул накунад. Баръакс донад, ки дар намоз барои худаш фоидаҳои бепоён пинҳон аст. Ба ҷои бо зарб кӯдаконро ба намоз маҷбур кардан, мешавад, бо додани тӯҳфаҳо кӯдакро ҳавасманди намоз кард.
Кӯдаки нав ба намоз шӯрӯъ кардаро барои ҳар рӯзи намози комил хондааш бо ҳадияҳои кӯчак ва ҳатто бо сӯханҳо ширин мужда дод. Вақте кӯдак барои намоз хонданаш аз атрофиён ташаккур мебинад, кӯшиш мекунад кӯтоҳӣ накарда бо беҳтарин шакл намозҳояшро тамом кунад. Ҳатто дар набудани волидон дар намоз кӯтоҳӣ намекунад. Ӯ медонад, ки намоз ба хотири волидон нест, ба хотири наҷоти худаш аст.
Аммо, вақте падару модар кӯдакро барои намоз маҷбур мекунанд, бо зарбу шатм ва ҳатто ҷазоҳои ҷисмони кӯдакро маҷбур мекунанд, мисли бузургон дар намоз мураттаб бошад, кӯдаки мазлум ба хотири иштибоҳи волидон ба намоз нафрат пайдо мекунад. Дар ҳузури волидон намоз мегузорад, вақте аз назари волидон дур аст, намозро тарк мекунад. Инҷо кӯдак гунаҳгор намешавад, зеро ҳанӯз ба балоғат нарасидааст. Аммо волидон агарчӣ нияти холис доштанд, ба хотири хилофи гуфтаи Расулаллоҳ кӯдаконро ба намоз маҷбур кардан, гунаҳгор мешаванд.
Чӣ гунае, ки дар боло зикр кардем, падар барои намоз кӯдаки ҳанӯз ба балоғат нарасидаро маҷбур мекунад, ҳатто ҷазо медиҳад, вақте аз ӯ пурсида шуд, ки чаро чунин кардӣ, мегӯяд: “Мехоҳам фарзандам ба намоз одат кунад, агар аз ҳозир ӯро маҷбур накардам, вақте бузург шуд, намоз намехонад. Ман бояд ба ҳар роҳе кӯдакро ба намоз одат кунонам. Бехабар аз он, ки аксари кӯдаконе, ки зери иҷбори падар намоз хондаанд, вақте падар дар наздашон нест, намоз намехонанд. Намозро хоси падар кардаанд.
Баъзан кӯдаконеро мебинед, ки шитоб бо хурсандӣ ба намоз меистанд ва бо суруру шоди ҳамроҳи падар ба масҷид медаванд. Кӯдак намозро, ҳамчун амри сангини иҷборӣ неву василае барои хурсандӣ, ҳамроҳи падар анҷом додани амали хуб пазируфтааст.
Байни падаре, ки аз рӯи суннат ва ҳикмати падари фарзандонашро ба намоз амр мекунад ва падаре, ки шариатро ба табиати дурушти худ мутобиқ кардаасту сахтгириро ҳалли тамоми мушкили медонад, хеле тафовут аст. Бадтар аз ҳама як сахтгирии беҳикматона сабаб мегардад, на танҳо атрофиён, балки фарзандонаш ба аҳкомҳои динӣ, ҳамчун амалҳои бефоидаи иҷборӣ нигоҳ кунанд.
РӮЗА
Рӯза низ мисли фарзҳои дигари шариат, пас аз ба балоғат расидани кӯдак фарз мегардад. Ба иттифоқи уламо барои кӯдаки ба балоғат нарасида, гирифтани рӯза ҳатмӣ нест. Паёмбар салалоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Абудовуд мефармоянд:
رفع القلم عن ثلاثة عن النائم حتى يستيقظ و عن الصغير حتى يكبر و عن المجنون حتى يفيق
Қалам аз се тоифа бардошта шудааст, ба ин се тоифа гуноҳ навишта намешавад. Шахсе, ки хоб аст то даме, ки бедор нагардад, дар хоб, ҳар сухане, ки гуфта мешавад ва ё ҳар амале, ки карда мешавад, агарчӣ хато бошад ҳам, гуноҳ маҳсуб нест.
Кӯдаке, ки ба балоғат нарасидааст. Ҳар хатое, ки кӯдак мекунад, ҳамчун гуноҳ навишта намешавад.
Инчунин, ҳар нафаре, ки аз ақл бегона аст, барои иштибоҳҳояш гунаҳгор нест то замоне, ки ба худ наояд.
Кӯдакро барои гирифтани рӯза маҷбур кардан, тамоман аз шариат нест. Албатта барои он ки кӯдак ба рӯза одат кунад, кӯдакро бо ҳар роҳи муносиб ҳадия, мужда ва дигар роҳҳо барои рӯза гирифтан, ҳавасманд мекунанд. Аммо кӯдаки ба балоғат нарасидаро ҳатто даҳсола, ки ҳам бошад, бояд ҳатман рӯза гирӣ гӯён ба сараш рӯзаро аз назди худ бор намекунем, зеро соҳиби шариат Аллоҳи меҳрабон рӯзаро ба шахсони ба балоғат расида, фарз кардааст. Албатта, агар кӯдаки нӯҳ ё даҳсола ман рӯза мегирам, метавонам гӯён рӯза гирад, ин хеле хуб аст, аммо агар натавонад ё ман наметавонам гӯяд, падару модар набояд ӯро маҷбур созанд.
Дар вақти рӯзаро ёд додан низ бо ҳикмату маърифат аввал то нисфи рӯз, сипас каме зиёдтар сипас рӯзи комил. Дар рӯзҳо бошад, ҳафтае як бор, сипас ду бор бо тадриҷ бояд таълим дод.
Шариат барои кӯчаку бузург беҳтарин равиши зиндагӣ, сирри наҷоту муваффақият аст, мутаассифона ин мо ҳастем, ки принсипҳои шахсии худро омехтаи шариат мекунем, дар натиҷа ҳам барои худ, ҳам барои оила, ҳам барои ҷомеа мушкилиҳо меоварем. Шариатро мувофиқи характеру ақлҳои худ на, балки табиати худро бояд мувофиқи шариат сохт, он гоҳ ба камол мерасем.
Муслима Аҳмадӣ