Падидаи бесобиқа: Нафти ройгони Амрико бо подоши изофӣ барои харидор
Бозорҳои нафти дунё рӯзи душанбе шоҳиди падидаи бесобиқа дар таърих шуд: Қимати нафти Амрико барои таҳвил дар моҳи оянда то манфӣ 37 доллар пеш рафт.
Қимати манфӣ барои нафт, падидаи бесобиқа дар тӯли таърих аст ва бад-ин маънӣ аст, ки тавлидкунандаҳои амрикоӣ на танҳо омодаи таҳвили ройгони маҳмулаҳои нафтӣ ба муштариён ҳастанд, балки 37 доллар ба изои ҳар бушка пул низ медиҳанд то маҳмулаҳоро ба ислоҳ “рад кунанд”.
Аммо чаро ин вазъият пеш омадааст?
Ҳам акнун рӯзона ҳудуди 12 миллион бушка нафт дар Амрико тавлид мешавад, аммо тақозои нафт ҳам дар Амрико ва ҳам дар ҷаҳон ба ҳадде коҳиш ёфта, ки муштарӣ барои он вуҷуд надорад. Дар чунин мавоқе, маъмулан давлати Амрико нафти изофагӣ ва бемуштариро аз тавлидкунандаҳо мехарад ва анбор мекунад, аммо мушкил инҷост анборҳои захирасозии Амрико пур шудаанд.
Аз тарафе тайи беш аз 2 моҳи гузашта, рӯзона 30 миллион бушка нафти изофагӣ дар ҷаҳон ба бозорҳо сарозер шуда ва амалан эҳтиёҷе ба нафти тавлиди Амрико дар дигар кишварҳо нест.
Ҳамчунин бар асоси оморҳо, ҳам акнун 160 миллион бушка нафт дар ҷаҳон бар рӯйи нафткашҳо анбор шуда ва амалан имкони анбор кардани нафт рӯйи нафткашҳои холӣ низ вуҷуд надорад. Илова бар он, наздики 60 миллион бушка маҳсулоти нафтии бештаре дар ҷаҳон низ дар нафткашҳо анбор шудааст.
Дар ин вазъият танҳо ду роҳ пеш рӯйи тавлидкунанда боқӣ мемонад: Қатъи тавлид ва ё фурӯши ройгон ва ҳатто додани подош ба муштарӣ.
Вақте тавлидкунандае тасмим ба қатъи тавлид аз як майдон кунад, маъмулан ин раванд муддате тӯл мекашд то амалиётӣ шавад. Дар бархе мавқеъҳо низ ҳазинаи таваққуфи тавлиди нафт бисёр бештар аз ройгон фурӯхтан ва ҳатто подош додан ба муштарӣ аст. Ба ҳамин далел бахше аз тавлидкунандаҳои амрикоӣ дар талош ҳастанд дар кӯтоҳмуддат ҳатто ба муштариён 37 доллар ба изои ҳар бушка подош низ бидиҳанд, то ин нафтро таҳвил бигирад.
Умед ба оянда
Қимати нафти Амрико барои таҳвил дар моҳи май ба манфӣ 37 доллар расидааст, аммо қимати он барои таҳвил дар моҳи июн ҳанӯз болои 20 доллар аст. Бад-ин тартиб, тавлидкунандаҳои амрикоӣ барои муддати кӯтоҳи зиён рад кардани маҳмулаҳои нафтиро мутаҳаммил мешаванд то вазъият дубора беҳбуд ёбад, хусусан ин ки интизор меравад моҳи оянда тавлиди ҷаҳонии нафт 20 миллион бушка дар рӯз коҳиш ёбад ва қиматҳо дар моҳҳои пешорӯ бо лағв шудани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва карантин дар кишварҳои мухталиф ҷаҳон афзоиш ёбад.
Барои намуна чанд соати баъд аз уфти қимати нафти Амрико ба манфӣ 37 доллар, дубора қиматҳо ба манфӣ 26 доллар афзоиш ёфт ва эҳтимолан дар рӯзҳои оянда вазъият беҳтар мешавад.
Аммо он чи, ки мусаллам аст, набояд интизор дошт қиматҳо афзоиши чашмгире дошта бошад ва эҳтимолан бахши чашмгире аз нафти Шели тавлиди Амрико дар ҳафтаҳои пешорӯ аз рада хориҷ шавад, чун ҳазинаи тавлидии нафти Шел болотар аз бисёре аз анвоъи нафт ҳаст.
Анвоъи мухталифе аз нафтҳо бо мушаххасоти мутафовит аз қабили мизони сангинӣ, таркиби гӯгирд, полоишгоҳҳои ниёзманд ба ҳамон навъи нафт, бозорҳои минтақаьӣ ва ғайра дар ҷаҳон арза мешавад. Барои бархе аз онҳо муштарӣ вуҷуд дорад ва барои бархе дигар на. Ба ҳамин хотир нафти Бренти Баҳри шимол дар ҳоле, ки қимати нафт WTI Амрико душанбе ба манфӣ 37 доллар суқут кард, бушкаи ҳудуд 26 доллар барои таҳвил дар моҳи июн муомила шуд.
Намунаи дигари он нафти сабук ҷумҳурии Озарбойҷон аст, ки ҳамвора чанд дарсадӣ гаронтар аз нафти Брент аст, аммо ҳамакнун бушкае зер 20 доллар муомила мешавад ва ҳафтаи пеш ҳатто қимати он ба 11 доллар низ суқут карда буд, дар ҳоле, ки қимати Брент дар он замон 27 доллар буд. Иллати амр ин буд, ки бозорҳои Мидитарона муштарии аслии нафти сабуки Озарбойҷон аст ва ҳафтаи гузашта ин бозорҳо пур шуда буданд ва ниёзе ба нафти сабуки Озарбойҷон надоштанд. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳазинаи тавлид ва ҳамли нафти Озарбойҷон то бозорҳои Мидитарона, бушкаи 18 доллар аст ва ҳафтаи гузашта амалан Озарбойҷон нафти худро бо зиён фурӯхта буд ва камокон суде дарёфт намекунад.
Ин мавзӯъ дуруст аст, ки Эрон чандин навъи нафт тавлид мекунад, ки дараҷаи сангинӣ ва таркиби гӯгирди онҳо мутафовит аст, аммо гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ба хотири таҳримҳо, кулли содироти ин кишвар танҳо ба Сурия ва миқдори андаке низ ба Чин маҳдуд шуда ва ҳатто маълум нест аз бобати таҳвили нафти пулӣ мегирад ё на.
Ҳам акнун 4.5 миллиард нафар, яъне беш аз нисф ҷамъияти ҷаҳон дар карантин ҳастанд ва ниёз ба сӯхт ва дар натиҷаи он ниёз ба нафти хом ба шиддат коҳиш доштааст.
Барои намуна, бар асоси бароварди ширкатҳои полоиши нафти Ҳинд, ниёз ба бензин ва газойл дар ин кишвар тайи моҳи апрел беш аз 60 дарсад ва ниёз ба сӯхти ҳавопаймо ҳудуди 95 дарсад нисбат ба апрели порсол коҳиш ёфтааст.
Вазъияти мушобеҳе дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои шимолӣ низ ҳоким аст.
Ҳамакнун замзамаҳое аз бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса, Австралия, Дания ва дигарон барои костан аз маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии марбут ба шуйӯъи коруно шунида мешавад ва агар вазъият шуйӯъи коруно дар ҷаҳон миқдоре беҳбуд ёбад, шояд битавон умедвор буд дар поиз ё замистони имсол дубора тақозои ҷаҳонии нафт афзоиш ёбад ва қиматҳо боло биравад, агарчи интизори афзоиши қимати нафт ба сатҳи авохири порсол, ки 70 доллар буд, бисёр хушбинона аст.
Албатта лағви бахше аз маҳдудиятҳои марбут ба шуйӯъи коруно низ хатароти худро дорад ва метавонад ба авҷгирии дубораи шуйӯъи коруно дар ин кишварҳо мунҷар шавад.