Categories Хабарҳо

Шубҳаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба тестҳои русиву чинӣ

Ҷамъе аз созмону шахсияти алоҳида, ки шуморашон ба 18 мерасад, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дархост кардаанд, ки ба суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба коронавирус посух диҳад.

Яке аз суолҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Вазорати тандурустӣ ин аст, ки ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст то куҷо метавон бовар кард? 

Дар мактуби гурӯҳӣ ба вазорат омадааст, «эътимоднокии тестҳои санҷишӣ дар Русия зери шубҳа гузошта шуданд ва маҷмӯи тестҳое, ки дар Чин истеҳсол мешаванд, нуқсон доранд, мехостем дақиқ намоем, ки Вазорати тандурустӣ барои азнавсанҷии натиҷаҳои тестӣ ва таҳлил чӣ кор мекунад? Оё ин тестҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд? Оё онҳоро ТУТ (ВОЗ) тасдиқ кардааст?»

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, то имрӯз дар кишвар сироятёбӣ ба бемории КОВИД 19 ба қайд гирифта нашудааст, ҳарчанд чанд марги шубҳаноки шаҳрвандон дар рӯзҳои ахир нигарониҳоро бештар кардааст.

Мактуби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз номи 18 созмону шахсияти алоҳида, аз ҷумла, «Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир», «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», «Дунёи ҳуқуқ», «Центр по правам человека», «Нотабене» ва ғайра рӯзи 20-уми апрел ба Вазорати тандурустӣ ирсол шудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *