Рубрики Хабарҳо

Кишварҳои орӣ аз коруно: Тоҷикистон, Туркманистон, Куриёи Шимолӣ ва чанд ҷазира

Ба ғайр аз Тоҷикистон, бемории коронавирус  дар 14 кишвар ва ёздаҳ қаламрави аҳолинишини ҷаҳон сабт нашудаст.

Рӯзномаи бритониёии Daily Mail рӯйхати кишварҳоеро тартиб додааст, ки дар  қаламрави онҳо корвонавис то ҳол ба қайд гирифта нашудаааст. Тоҷикистон  бо 14 кишвари дигар ва 11 қаламрави аҳолинишини ҷаҳон  шомили ин рӯихат аст.

Бар асоси ин рӯйхат, дар баробари Тоҷикистон, коронавирус дар  Туркманистон, Комор, Кирибати, Лесото, Ҷазираҳои Маршалл, Штатҳои Федеративии Микронезия, Науру, Палау, Ҷазираҳои Соломон, Тонго, Тувалу, Вануату ва Кореяи Шимолӣ сабт нашудааст.

Минтақаҳои доимии аҳолинишине, ки то ҳол дар он ҷой коронавирус вуҷуд надорад, Питкэрн, Еленаи Муқаддас, Вознесения ва Тристан да Куния Шоҳигарии Бритониё, Самоа дар ИМА, Ҷазираҳои Уоллис ва Футунаи Фаронса, ШпитсбергениНорвегия, Ҷазираҳои Крисмас, Норфолк ва Ҷазираҳои Кокоси Австралия, Ниуэ, Токелау ва Ҷазираҳои Куки Зеландияи Нав мебошанд.

Гуфта мешавад, бисёре аз кишварҳо бинобар сабаби дар минтақаҳои дур ҷойгир буданашон аз қабили ҷазираҳои Комор, ки дар соҳили шарқии Африқо ва Тувалу дар уқёнуси Ором аст, коронавирус нарасидааст.

Гузоришгарон омили дигари ба кишварҳо роҳ наёфтани коронавирусро дар чораҳои қатъии саривақтии андешидашуда арзёбӣ кардаанд.  

Аммо, дар мақола истисно намекунанд, ки мақомоти баъзе давлатҳо аз ҳолатҳои сироятшавӣ дар ин кишварҳо шояд ҳоло огаҳ набошанд.

The Daily Mail ба вазъ дар Кореяи Шимолӣ аҳамият дода гуфтааст, мақомоти ин кишвар исрор мекунанд, ки COVID-19 дар ин кишвар нест, аммо ин шубҳаовар аст, чун дар ҳамсоякишвари он Кореяи Ҷанубӣ беш аз 10 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ошкрор шудааст.

 Инчунин, муаллифони мақола бо ҳайрат гуфтаанд чӣ гуна Тоҷикистон, кишвари ҳамсарҳад, бо Чин, ки маркази паҳншавии коронавирус аст, тавониста истодааст то ҳол  бар вуруди коронавирус истодагарӣ намояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *