Кумитаи давлатии Ӯзбекистон омори вазъи демографӣ дар кишвар, аз ҷумла муҳоҷиратро нашр кардааст. Тибқи омор дар се моҳи аввали соли равон чанд тоҷикистонӣ ба кишвари ҳамсоя кӯчиданд ва чанд шаҳрванди Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои ҳамешагӣ омаданд
Бино бар иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали соли 2020 ба кишвар 490 шаҳрванди хориҷӣ кӯчиданд.
Аз ин шумора, тақрибан, се дар якаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Яъне 140 тоҷикистонӣ кишварро ба қасди Ӯзбекистон тарк карданд.
Аммо шумораи ӯзбекистониёне, ки барои зиндагӣ Тоҷикистонро интихоб кардаанд, ҳамагӣ 15 нафарро ташкил медодааст.
Дар ҳамин ҳол, қазоқистониҳо пешсафанд, ки шумораи онҳо 167 нафарро ташкил додааст.
Дар бештари ҳолатҳо муҳоҷирон ё Тошканд ва ё вилояти Тошкандро интихоб мекунанд.
Аз Ӯзбекистон бошад бисёртар ба Қазоқистон ва Русия ҳиҷрат мекарданд.