Бузургмеҳр Ёров ҳам табъ дорад
Ҳарорати бадани Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи маъруф ва зиндонии сиёсии тоҷик баланд аст, аммо масъулини зиндон асосе барои бистарӣ кардани ӯ намебинанд.
Тибқи иттилоъи Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ҳарорати бадани вакили маъруфи дифоъ то 38,7 дараҷа боло рафтааст, аммо мақомоти зиндони рақами 1-и Душанбе, ки Ёров онҷо қарор дорад, аз интиқоли ӯ ба дармонгоҳи зиндон худдорӣ кардаанд.
Мақомоти зиндон сабаби табъ кардани Ёровро аз боло будани ҳарорати зиндон донистаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, се нафар аз зиндонбонҳои зиндони рақами 1-и Душанбе бо вазъи вахими саломатӣ ва гирифтории шадиди нафас ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Тахмин меравад ҳамин зиндонбонҳо саббаи интиқоли вируси коруно ба зиндон гаштаанд.
Қаблан Шӯҳрати Раҳматулло аз поён нарафтани ҳарорати баланди падараш, зиндонии дигари сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб давоми се рӯз дар ҳамин зиндон хабар дода буд.