Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон боз дар рӯйхати кишварҳои «мавриди нигаронии хос»

Комиссияи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ Тоҷикистонро боз ҳам ба гурӯҳи кишварҳои «мавриди нигаронии хос» ворид кард. 

Тони Перкинс, раҳбари Комиссияи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ зимни  муаррифии ин гузориш гуфтааст, дар ин гузориш аз вазъи 14 кишваре изҳори нигаронӣ шудааст, ки ба гурӯҳи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» шомил ҳастанд. Дар ин кишварҳо ҳукуматҳо ба нақзи ҳуқуқи «пайваста, доимӣ ва даҳшатбор», даст мезананд. 

Комиссияи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ менависад, ки дар Тоҷикистон соли 2019 вазъи озодиҳои  аз ҷониби давлат маҳдудшудаи динӣ боз ҳам бадтар шуд. «Режими раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сиёсати саркӯбгароёнаро тақвият додааст. Муносибатҳои ошкори мардум ба динро  саркуб намуда, аққалиятҳои диниро таъқиб мекунад».

Тибқи гузориши  Комиссияи оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ  «мақомоти Тоҷикистон рукнҳо ва маросимҳои диниро саркӯб карда, таъқиби афрод барои ришдориву ҳиҷобпӯширо идома додаанд».

Бо баҳонаи мубориза бо тундгароии динӣ «аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон азият шуда», «аъзои хонаводаи зиндониҳои ҲНИТ, ки дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА ширкат карданд, озор диданд».

Гузориш аз як дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 29 июли соли 2019 ёдовар шудааст, ки вуруди либосҳои «муаррификунандаи фарҳанги бегона», яъне манъи либосҳои исломии занонаро дар назар дошт. Боздошти Нилуфар Раҷабова ва 20 зани дигари ҳиҷобпӯш, ҷаримабандӣ бо иттиҳоми «авбошӣ» ҳамчун намунаи муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо «либоси бегона» ёд шудааст.

Гузориши муҳаққиқони озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ба ҳукумати ИМА машварат медиҳад, ки барои ислоҳи вазъ бояд минбаъд ба ин кишвар ёриҳои башардӯстонаро бо гузоштани шарт ироа карда, нисбати бархе сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва шахсиятҳои ҷудогона таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ кунад. Таҳрим бояд ба сохторҳое марбут бошад, ки даст ба нақзи шадиди озодиҳои динӣ мезананд.

 Комиссияи оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ ба ҳукумати Иёлоти мутаҳидаи Амрико машварат додааст, ки дар доираи ин таҳримҳо дороиҳои мансабдорони шиканҷагар масдуд шуда, ба нафароне, ки даст ба маҳдудсозии ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон задаанд, визаи вуруд ба ИМА дода нашавад. Инчунин Комиссияи озодиҳои динӣ ба ҳукумати ИМА машварат додааст, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар баландтарин сатҳ фишор оварад, то шахсони барои иҷрои фаъолиятҳои сулҳомези диниашон зиндонишударо озод кунанд ва нозирони байналмилалиро иҷоза бидиҳанд, то аз зиндонҳо дидан карда, сабабҳои сар задани ошӯбҳои гузаштаро таҳқиқ кунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *