9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вазорати тандурустӣ баъди як ҳафта хабари “Паём”-ро тасдиқ кард

Вазорати тандурустӣ хабар дод додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баъди як ҳафтаи табобат аз “илтиҳоби шуш” аз бемористон мураххас шуда, ба хонааш рафтааст. Дар баёнияи расмии, ки вазорат шоми 16-уми май нашр кард, гуфта мешавад, Юсуф Раҳмон рӯзи 9-уми май бо “ташхиси илтиҳоби дутарафаи шушҳо” дар яке аз шифохонаҳои муосири Тоҷикистон — Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон, бистарӣ карда буданд.

Паём рӯзи 10 май аз гирифтории додситони кулл ба коруно ва бистарӣ шуданаш дар беморхона . Манбаъи Паём гуфта буд, баъди ба беморхона бурдани Юсуф Раҳмон хонаҳои ӯ, чанд ҳамсояаш ва кӯчаи маҳалларо зиддиуфунӣ кардаанд.

Вазорат ҳамчунин дар баёнияаш зикр кардааст Юсуф Раҳмон “ба хизматрасонии тиббии маркази мазкур баҳои баланд дода ва ба раҳбарони вазорати тандурустӣ ва шифохона изҳори сипос” кардааст. 

Дар ҳамин ҳол вазорат бемории додситони куллро чун “илтиҳоби шуш” муаррифӣ карааст, дар ҳоле, ки баъди гирфиторӣ ба ин беморӣ то ҳол хонаи касеро зиддиуфунӣ накардаанд. Аслан ду моҳи охир ҳам расонаҳо ва ҳам мардум “Илтиҳоби шуш”-и Вазорати тандурустиро чун бемории COVID-19 мефаҳманд. 

Қаблан вазорати тандурустӣ аз 15-уми май аз шифохона мураххас шудани раиси Маҷлиси намояндагон баъди гирифторӣ ба “илтиҳоби шуш” хабар дода буд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *