Рубрики Хабарҳо

Муҳиддин Кабирӣ талаб кард Эмомалӣ Раҳмон ба истеъфо равад (видео)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хост курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро холӣ кунад. Ӯ гуфт дар сурати ихтиёран ба истеъфо нарафтани раисҷумҳур, худи мардуми кишвар ӯро маҷбур ба истеъфо хоҳанд кард. 

“Вақте раҳбари як ташкилоти сиёсӣ чунин мавзӯъро интихоб мекунад ва талаб мекунад, ки  президенти кишвар аз қудрат дур карда шавад, пас ин маънии онро дорад, ки бо тамоми масъулият ва бо огоҳии комил ва бо андеша ва таҳлили вазъият ин мавзӯъро интихоб кардааст”, изҳор дошт раҳбари ПМТ. 

Ӯ гуфт дар сурати иҷро нашудани ин талаб аз ҷониби раисҷумҳур, “бояд худи мардум дар фикри он бошад, ки чи гуна шахсеро, ки дигар салоҳият ва ҳатто ҳаққи маънавии президент буданро аз даст додааст, бояд аз қудрат берун кунад. Он ҳам бидуни кадом хушунату ҷидол ва бидуни зарари бузург бар ҷомеаву мардум ва миллат”.  

Муҳиддин Кабирӣ гуфт “вақте мо мегӯем, ки президент  аз сари қудрат дур карда шавад, бояд барояш далел дошта бошем. Чунки имкон надорад, ки дар як кишваре, як гурӯҳе, ё як ҳизбе, ё ҳатто мардум ҳам, бидуни кадом далел, ё асос талаб кунанд, ки бояд раҳбарияти кишвар аз қудрат дур карда шаванд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ  бори аввал нест ва миллатҳо ва кишварҳои дунё ин таҷрибаро доранд, ки дар ҳолатҳои гуногун раҳбарони худро аз қудрат дур карданд ва он ҳам бо далелҳо ва ба хотири наҷоти миллат аз он вартаи мушкилоте, ки дар он қарор гирифтаанд”.

Раҳбари мухолифони тоҷик  гуфт дунболи он далелҳое, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар давоми ин 28 сол аз худаш боқӣ гузошт нахоҳад рафт. “Шахсан ман дигар коре надорам ба он, ки Раҳмонов чи гуна бар сари қудрат омад. Албатта ба ҳама маълум аст дигар, ки чи гуна Раҳмонов ба сари қудрат омад. Бо кӯмаки кӣ. Бо роҳҳои ғайриқонунӣ чӣ гуна қудраташро ҳифз кард ва чӣ гуна Созишномаи Сулҳро поймол кард ва чӣ гуна протоколи 32 20 -ро ғайриконститусионӣ ва ғайриқонунӣ имзо кард ва амалӣ намуд, ки тамоми мухолифини худро, мухолифини динӣ ва дунявиро вориди зиндон кард, кушт, муҳоҷир кард. Ва чӣ гуна хонаводаи худро, фарзандони худро  қадам ба қадам на танҳо ба қудрат овард, балки тамоми моликияти як ватану миллатро дар дасти як хонавода қарор дод”. 

Ӯ изҳор дошт кофӣ аст рафтори се моҳи охири раисҷумҳурро “ҳамчун президент ва ҳамчун нафари масъули аввали кишвар таҳлил кунем, болои миз гузорем ва ба ин натиҷа бирасем, ки президенти имрӯзаи Тоҷикистон на дигар салоҳият, ё қудрату тавонмандии мудирияти кишварро дорад ва на ҳаққи маънавӣ”. 

Кабирӣ гуфт “дар моҳи март вақте ки тамоми дунё аллакай пандемия эълон кард, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Созмони Миллали Муттаҳид ва ҳамаи кишварҳои минтақа эълон карданд, ки ин вирус ҷаҳонгир шудааст… танҳо як президент ба рақсу бозӣ ва хушгузаронӣ  ва селфигирӣ машғул буд ва на танҳо худаш хурсандӣ мекард. балки дар авҷи коронавирус, ки тамоми ҷаҳон бо он мубориза мебурд, ҳамсоякишварҳои мо карантин эълон карда буданд, ин бо як кибру ғурур ва бо як нописандӣ нисбати ҳамсоягон ва ҳатто мешавад гуфт, ки бо як беэҳтиромӣ нисбати мушкилоту дарди онҳо рафтор кард. Ӯ омаду дар як стадиони Хуҷанд даҳҳо ҳазор нафарро ҷамъ кард ва мубтало кард. Имрӯз Хуҷанд яке аз эписентрҳои ин коронавирус дар Тоҷикистон шудааст ва мутаассифона мо беҳтарин инсонҳои кишварро аз даст дода истодаем”. 

Раҳбари ПМТ таъкид кард, ки ҳамин гуна чорабиниҳои дигарро дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳру навоҳии дигар баргузор карданд ва “худи Эмомалӣ Раҳмонро метавон гуфт, ки сабабгори паҳншавии вирус дар Тоҷикистон аст. Ман намегӯям, ки Раҳмонов сабабгори омадани вирус ба Тоҷикистон аст. Агар ин суханро гӯям, на танҳо нисбати Раҳмонов беинсофӣ мешавад. Вирус ба Тоҷикистон мисли он ки ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд, ҳамон тавр паҳн шуд. Омадани вирус ба Тоҷикистон мисли кишварҳои ҳамсояи мо — Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғайра аст. Аммо мо Раҳмоновро паҳнкунандаи вирус меномем. Раҳмонов ба хатаргузорандаи ҷони садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Худи ҳамин кофӣ аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар мо прокуратураи мустақил медоштем, кайҳо аллакай парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Аммо мо ба прокуроре, ки мустақил нест, тобеи қонун ҳам нест, балки тобеи як нафар аст, муроҷиат нахоҳем кард”. 

Бо ишора ба гирифтории додситони кулл ба вируси коруно Муҳиддин Кабирӣ гуфт “то лаҳзае, ки худаш ҳам гирифтор нашуд, эътироф накард, ки дар Тоҷикистон ҳам коронавирус ҳаст ва шояд агар барои ба чашми мардум хок пошидан ягон парвандае ҳам боз шавад, боз ҳам нисбати ҳамон вазири тандурустӣ, ё шояд нисбати чанд табибу чанд масъули дигар боз хоҳад шуд. Ҳеҷ гоҳ ҷуръат ва ҷасорате намекунанд, ки нисбати паҳнкунандаи асосии вирус  дар тамоми Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Бинобар ин ҳам мо гуфтанӣ нестем, ки бояд прокуратура ин корро кунад, балки худи миллат дар ин масъала вориди кор шавад ва касоне, ки боиси талафоти даҳҳо, садҳо ва шояд ҳазорҳо ҳамватани мо шуданд, бояд онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашанд”. 

Раҳбари мухолифон бо ишора ба таъкиди қаблиаш мабнӣ бар ин ки нашавад ин ҳама масъулиятро боз ба дӯши  вазир, ё ба дӯши табиб, ё ҳадди аксар ба дӯши сарвазир монанд, ки гӯё онҳо гунаҳкор буданд, на раисҷумҳур, гуфт “ҳамаи миллат медонад, ки бидуни супориши Рааҳмонов ин чорабиниҳо баргузор намешуд. Ин яке аз далелҳои мо аст, ки чаро бояд Раҳмонов ба истеъфо равад, аз қудрат барканор шавад, балки барои ин ҷиноят дар назди миллату давлат бояд ҷавоб бигӯяд. Чун ба нобудӣ бурдани ҷони даҳҳо ҳазор инсон ва фалач кардани иқтисодиёт, фалаҷ кардани рӯҳияи мардум ин ҷинояти андак нест. Бояд ки ҳамчун саботаж, ҳамчун хиёнат ба миллат ва давлат мардум ба ин қазия муносибат кунанд”. 

Далели дуввум, ки Эмомалӣ Раҳмон бояд ба истеъфо равад, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, нодида гирифтани фикру пешниҳоди мардум ва ҳатто таҳқири миллат ва рад кардани пешниҳодҳо чӣ аз ҷониби ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва чӣ аз ҷониби мутахассисини ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла пешниҳодҳои мухолифин ва ҳамаи миллат аст.

“Мардум мехостанд дар паҳлӯи ҳукумат қарор гиранд ва як муддат фаромӯш кунанд он баҳсҳои сиёсиро ва дар мубориза алайҳи коронавирус ҳама муттаҳид бошанд. Аммо, ба ҷои он ки миллат муттаҳид шавад, ба ҷои он ки ҳукумат ба самти миллат ҳаракат кунад, ба ҷои он ки мардумро бо тамоми қишрҳояш дар атрофи ҳукумат ва он ситоде, ки ташкил карданд ҷамъ кунад, ҳукумат дар ҳамин шабу рӯз тамоми корҳоро кард, то байни ҷомеъа, байни миллат ихтилофу ҷудоӣ ба вуҷуд биёяд». — гуфт Кабирӣ.

Раҳбари ПМТ гуфт ҳоло “дар тамоми дунё, ҳатто дар кишварҳое, ки чандон демократӣ ҳам нестанд, миллатҳо омаданд, атрофи ҳукуматҳо ҷамъ шуда истодаанд. Дар кишварҳои демократӣ мисли Урупо аслан ҷои ҳарф нест. Аммо чаро дар кишварҳои нимадемократӣ ҳам миллатҳо омаданд ба самти ҳукумат ва ваҳдати миллат ба вуҷуд омад? Ҳамкории ҳукуматҳо бо мардум ва мухолифин ба вуҷуд омад. На ин ки инҷо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ ё опозитсия ё мардум буд, балки пеш аз ҳама худи ҳукумат ташаббус кард. Роҳбарияти ин кишварҳо ташаббус нишон доданд ва дили мардумро гарм карданд. Зиндониҳоро дар бисёре аз кишварҳо аз зиндон озод карданд, ҳатто дар ҳамсоякишварҳои мо Узбекистону Қирғизистон ҳам. Омаданд барои мардум пакетҳои иқтисодӣ пешниҳод карданд. Барои ҳар хонавода чӣ қадар кумак аз буҷаи давлат, чӣ қадар имтиёзҳо барои соҳибкорон. Аз опозитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват карданд, ки акнун биёед муттаҳид бошем, ҳамдигарро кумак кунем ва ҳамдигарро бибахшем. Фақат ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамон кибр, ҳамон ғурур на танҳо аз худаш ба ҷомеа ҳеҷ пешниҳод ва ё дилгармие надод, балки тамоми пешниҳодҳое, ки аз тарафи мардум, азтарафи опозитсия карда шуд, нодида гирифт. На танҳо нодид гирифт, балки дар ҳамин рӯзҳои душвор, ки миллат бояд думболи мубориза бо коронавирус бошад, ҳамон душманторишву хоинтароширо идома дод”.

Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба ҳамагир будани вирус гуфт: “Бубинед, чи қадар мансабдорони мо қурбонӣ шуда истодаанд. Ҳамон касоне, ки аз аввал моро хоин гуфтанд ва алайҳи мо мубориза бурданд, гуфтанд дар мо коронавирус нест, шумо туҳмат мекунед, имрӯз худашон ва мутаассифона, зану фарзандони худро дар фалокату ҳалокат гирифтор карданд. Акнун қисме шифо ёфта истодаанд ва қисме ба раҳмати Худованд пайвастанд. Аммо, он ҳама зулму дуруғу шиканҷае, ки болои мардум карданд ва карда истодаанд, дигар Худованд худаш қодир аст ба ҳама кор, ки чи хоҳад кард.

Вақте ки пешниҳодҳои миллатро нодида мегиранд ва кибру ғуруру таҳқир бо миллат муносибат мекунанд, вақте, ки тамоми ин кумакҳои башардустонае, ки аз амрикову урупову туркияву Чину Эрон расиданд, ин кумакҳоро Эмомалӣ Раҳмон аз ному худаш ва зану баччааш, аз номи домодҳояш, хешу табораш ва ҳатто муҳофизонашу фарзандони муҳофизинаш тақсим карда, болои миллат миннат бор мекунад. Дар пештоқи мошинҳо менависад, ки “туҳфаи пешвои миллат ба мардум”. Ин туҳфа нест, ин туф кардан аст. Расонидани кумак, пул ва лавозимоти тиббӣ ба бемористонҳо, ба мардум ва ҳатто ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин вазифаи ҷонии ту Эмомалӣ Раҳмон аст. Ман дигар шумо намегуям президенти Тоҷикистонро. Барои ин ту маош мегирӣ, барои ин ба ту мошин ҷудо кардаанд, барои ин аз пули миллат худ даҳҳо резиденсияву фароғатгоҳ сохтӣ. Барои ин тамоми имкониятҳо вуҷуд дорад. Болотарин маошро, ҳатто президенти Амрико ҳам, ки миллионҳо долларро дар ин рӯзҳо барои миллаташ харҷ крд, маошат болотар аст. Боз ту ин кумакҳое, ки ба номи миллат мардуми ҷаҳон мефиристанд, ту аз номи худат мефиристӣ”.

Ӯ таъкид кард “президенти ягон кишвар ба миллати худаш кумаки башардӯстона накардааст. Кумаки башардӯстонаро як хориҷӣ мекунад. Амрикоӣ, чинӣ ва ё русӣ ба мо агар куммак кард, ин мешавад кумаки башардустона!  Вақте кумакро аз номи президент мекунанд, пас ӯ худашро хориҷӣ ҳисоб мекунад. Пас ӯ дигар ҷузъи мо нест. Ӯ аллакай худашро аз миллат ҷудо кардааст. Вагарна, кадом президент ба миллат ва мардуми худаш кумаки башардустона кардааст?”

Раҳбари мухолифин хотиррасон кард “илова бар ҳамаи ин, дар ҳамин шабу рӯзи бисёр ҳам душвор ба ҷои он ки пешниҳодҳоро қабул кунад, боз фишорро болои мардум зиёд мекунад. Шумо тасаввур намекунед, ки то кадом дараҷа як инсон метавонад беинсоф бошад, бевиҷдон бошад, ҷаллоду золим бошад, ки вақте ман даҳ  пешниҳод мекунам, ки ин пешниҳодҳо кумаке ба мардуми Тоҷикистон шавад, каме ҳам бошад ба ҳам наздик шавем. ин мебиёяд боз ронандаи маро даъват мекунад,  ҷияни маро, додараруси маро мебаранд дар рӯзи рамазон то соати 12-и шаб гуруснаву ташна нигоҳ медоранд. Танҳо бо як ҳадаф, онҳоро маҷбур мекунанд, ки шумо дар видео, дар телевизион алайҳи фалонӣ гап занед.  Чӣ қадар онҳо гап зананд, чӣ қадар шиканҷа шаванд? Дигар ҳеҷ кас намонд, ҳамаи авлоду хешу табори мо Тоҷикистонро тарк карданд. Дар тамоми дунё пароканда шуданд”.

Муҳимтарин далел ба гуфтаи раиси Паймони миллӣ фирори Эмомалӣ Раҳмон аз масъулият аст. Ӯ изҳор дошт: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳамин шабу рӯз аз масъулият фарор кард ва ҳеҷ барномае барои ояндаи кишвар надорад. Аслан мо то имрӯз нашунидем, ки Раҳмонов дар ягон баромадаш гуфта бошад: “Миллати азиз, мо дар як ҳолат қарор дорем, ки барномаи ман ин аст… Шумо мардум ба ин корҳое машғул бошед ва мо бароятон аз буҷаи кишвар ин қадар маблағ, ин қадар имтиёз аз ҳисоби андоз ва ин қадар имтиёз ба соҳибкорон ва ин қадар имтиёз барои касоне, ки корро аз даст додаанду хонанишин шудаанд”

Ӯ барои духтурхонаҳову табибон чӣ имтиёзе пешниҳод мекунад?  Чӣ барнома дорад аслан барои як, ё ду-се моҳ? 

Президент Раҳмонов ғайб задааст, вуҷуд надорад. Як маротиба фақат барои ин ки бигӯянд оппозитсия дурӯғ мегӯяд, табрике мекунад, сайругаште намош медиҳанд, аммо барои миллат, барои кишвар ҳеҷ  ягон барномае надорад. Пас, ин маънои онро дорад, ки президенти Тоҷикистон корношоям ҳаст ва на танҳо ҳаққи маънавӣ надорад, балки дигар қудрати фикриву зеҳниву ҷисмонии идораи давлатро ҳам аз даст додааст. 

Кабирӣ гуфт шояд баъд аз ин сӯҳбати ӯ Раҳмон дар назди микрофон, ё ҷое аксе гирифта, худро дар намоиш бигзорад ва таъкид кард: “Мо мухолифин барнома доштем ва барояш барнома пешниҳод кардем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам барнома пешниҳод кард, дар шабакаҳо коршиносон барномаҳое пешниҳод карда истодаанд ва гуфта истодаанд, ки чи бояд кард. Ягона шахсе, ки имрӯз дар Тоҷикистон бидуни барнома кор бурда  истодааст-ин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.  

Ман дар яке аз баромадҳои худ гуфтам, ки вақте ки худ қудрат надорӣ, корношоям шудӣ, раиси ситод ҳаст. Ман дар аввал гуфта будам, ки худат биё, раиси ситод шав, масъулиятро мисли ҳама президентҳои дунё бар дӯш бигир. Аммо вақте фирор кардиву ғайб задӣ ва сарвазирро раиси ситод гузоштӣ, хеле хуб. Пас,  масъулияти бештар бар ӯ бидеҳ. Пас, блоки иқтисодиро ба сарвазир бидеҳ, то ин ки ӯ битавонад ин бӯҳронро мудирият бикунад. Кишварро аз ин варта наҷот бидиҳад. Ӯ, ки на танҳо ба савазир ҳеҷ салоҳияти дигар надод, балки дар ин даҳ рӯзи охир баъди баромади худам, ақалан сарвазирро дигар намебинам. Аслан ҳеҷ хабаре аз ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирусро намешунавем, ки чи кор карда истодааст?!”

Кабирӣ таъкид кард кӯмакҳои башардӯстонае, ки аз хориҷи кишвар меояд, бояд дар ихтиёри ин ситод бошад ва ҳамчунин буҷаи кишвар,  “чун ситод беҳтар медонад, ки куҷо осебпазир асту дар куҷо ниёзи бештаре ҳаст”. 

Раҳбари мухолифин гуфт, Раҳмон “ин ҳамаро, ҳатто кӯмакҳои башардӯстонаро оварда дар дасти хонаводаи худаш маҳдуд кардааст. Сарвазир маълум нест, ки дар куҷо ҳаст ва дигар дар телевизион ҳам пайдо намешавад. Пас маълум мешавад, ки на танҳо пешниҳодҳои моро намегиранд. Худашон барнома надоранду пешниҳоде надоранд. Боз баръакси пешниҳодҳои миллату мардум рафтор мекунанд.  

Бинобар ин ман акнун дар фикри он ҳастам, ки дигар пешниҳод накунем, ки сарвазир вориди кор шавад, то ягон ҳодисае болои сари ӯ наоранд, чунки билохира таҷриба нишон дод, ки ин президент ҳар касеро, ки дар байни миллату мардум обрӯе пайдо карду коре пеш мебарад, фарқ надорад, ки бизнесмен аст, ё тоҷир аст, сиёсатмадор, мансабдор, ҳатто агар овозхону варзишгар ҳам бошад, шумо мебинед, ки Раҳмонов ӯро мешиканад, аз байн мебарад.

 Дар Тоҷикистон бояд як нафар бошад, дар бораи як нафар гап бизананд, мардум бояд он як нафарро дӯст дораду эҳтиром намояд ва ҳар коре мешавад, аз номи як нафар бишавад. Ин аст, ки миллатро ба ин ҳол расонд ва худаш, ки айни ҳол дар ягон бункер ва ё дар ягон фароғатгоҳ пинҳон шудааст, системаи давлатӣ фалач шудааст. Дигар ҳеҷ кас кор намекунад. Мардум намедонад ба куҷо муроҷиат кунад. Мардуми Хуросон имрӯз даст ба тазоҳурот задааст ва хушо ба ҳолашон ба ин мардуми ҷасур. Аммо миллате  медонад, ки ин ҳукумат метавонад аз азобу шиканҷа истифода бикунад, метавонад зиндонӣ кунад, дигар корд ба устухонаш расид. 

Дигар ба кӣ муроҷиат кунад, ки президент пинҳон шудааст, раиси ситод, ё худ сарвазир ғайб задаасту нокора асту салоҳияте надорад, вазирҳо дигар аз дасташон ҳеҷ коре намеояд, раисони шаҳру вилоятҳо ба тақсими кӯмаки башардӯстонае, ки аз хориҷи кишвар омадааст, машғул ҳастанд. Гӯё  ки тамоми системаи давлатӣ, ҳукумат як вазифа дошта бошад: Қабули кӯмаки башардӯстонаи хориҷӣ ва тақсими он ба мардум аз номи худаш. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *