23 ноябр агентии “Ховар” хабар дод, ки Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон барои гузаронидани об тавассути обанбори Қайроққум ба тавофуқ расиданд.
“Ховар” бо нақл аз расонаи қазоқистонии «Казинформ» мегӯяд, вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев дар ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш додааст, ки “Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар мавриди гузаронидани ҳаҷми об аз обанбори «Баҳри тоҷик» якдилона ба мувофиқа расиданд”.
Маълум нест чаро “Ховар”, ки худ хабаргузории давлатии Тоҷикстон мебошад, хабарашро на бо истинод ба мақомоти кишвар, балки ба расонаи қазоқистонӣ нашр мекунад.
Сериккали Брекешев дар бораи анҷом додани корҳо бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати таъмини партоби иловагии об аз обанборҳои болооб гузориш додааст.
«Шартҳои коркарди обанбори «Баҳри тоҷик» мувофиқа карда шуданд. Ин шартҳо дар Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) мустаҳкам карда шудаанд”, — таъкид кардааст вазир.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Қазоқистон солҳост дар мавриди норасоии об барои фаъолияти кишоварзӣ дар кишвар, хусусан дар вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрда шикоят мекунад.
Тавре расонаҳо қаблан низ хабар дода буданд, соли 2021 дар ҳавзаи дарёи Сир вазъи мушкили хоҷагии об ба вуҷуд омад, ки ба камобӣ алоқаманд аст. Баъзе вилоятҳои Қазоқистон бинобар хушксолӣ ба вазъияти душвор дучор гардиданд. Ба деҳқонони маҳаллӣ зарур омад, ки майдони киштро кам кунанд, ҳукуматдорони ҷумҳурӣ маҷбур шуданд барои бо об таъмин намудани минтақаҳо чораҳои таъҷилӣ бинанд. Норасоии захираҳо дар Сирдарё ва обанбори Шардарин сабаби хушксолии вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрдаи кишвар гардид.
Он замон Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири вақти экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Мағзум Мирзагалиев дар Душанбе созишнома бастанд, ки “бар ивази таҷҳизот ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ” аз обанбори «Баҳри тоҷик» 315 миллион метри мукааб об дода шавад. Гуфта мешуд, ки партофти об дар давраи аз моҳи июн то август гузаронда мешавад.
Қазоқистон чӣ миқдор “таҷҳизот ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ” ба Тоҷикистон бар ивази захираи обии кишвар додааст, маълум нест, ҳамчунин маълум нест, ки ба кӣ ва ба кадом шакл дода шудааст. Мақомот ягон маълумоти расмие пешниҳод накардааст ва бо назардошти хусусияти дуздсолории (клептократии) ҳукумат, мутмаинан, ҳамаи он таҷҳизоту сӯзишворӣ дуздида шуда, ба кисаи наздикони раисҷумҳур рафтааст.
Ҳамчунин ба назар мерасад, ки Қазоқистон соли гузашта бар ивази захираи обии Тоҷикистон подоши хубе додааст, ки имсол низ ин кишварҳо “якдилона ба мувофиқа расидаанд”. Албатта, Қазоқистон боз ҳамин қадар ва ё шояд бештар подош ваъда додааст, ки ҳукумати тоҷик бо хурсандӣ қабул кардааст.
Гуфтанист, ки иқтидори умумии Нерӯгоҳи барқии обии Қайроққум 126 МВт аст. Тақрибан ҳар сол, ба қавли ҳукумат, аз сабаби камобӣ барқ барои аҳолӣ қатъ шуда, “лимит” ҷорӣ мешавад. Вале боз ҳам ҳар сол дар давраи серобии дарёҳои кишвар ҳукумат захираи обии Тоҷикистонро ба кишварҳои поёноб мефурӯшаду зимистон аз камобӣ шикоят мекунад. Моҳи майи соли ҷорӣ Аминҷон Абдуллозода, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд рӯзи 20 майи соли 2022 дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дарёи Сир аз ҳисоби обанбори “Баҳри тоҷик” пур шуда ва наздик ба 85%-и об ба ҷониби кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад.
Аслан нисфи оби обанбори “Баҳри тоҷик” барои тавлиди нерӯи барқ ва нисфи дигараш барои обёрии киштзорҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Спитамен истифода мешавад. Вале акнун, пас аз “якдилона” розӣ шудани кишварҳо ба интиқоли об ба Қазоқистон, Тоҷикистон соли 2023 боз ба танқисии обу барқ дучор хоҳад шуд. Зеро бояд об дар обанборҳои кишвар маҳз дар тобистон, дар давраи серобии дарёҳо захира шавад, обанборҳо пур карда шаванд, то дар давраи тирамоҳу зимистон, ки сатҳи оби дарёҳо кам мешавад, аз он захираи об барои истеҳсоли барқ истифода шавад. Акнун Тоҷикистон дар давраи серобии дарёҳо обро ба Қазоқистон “гузаронида”, обанбори худро дар тирамоҳ ба пур кардан оғоз мекунад, он ҳам бошад вақте дар дарё об кам мондааст. Пас аз чунин “тадбирҳои оқилона” дар кишвар “лимит” ҷорӣ нашавад магар?
Барои чунин “ғамхорӣ” нисбат ба табааи худ ҳукумати Тоҷикистон, аниқтараш Оила ҳеҷ нороҳатие эҳсос нахоҳад кард. Агар заррае нороҳатӣ пайдо ҳам шавад, “таҷҳизот ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ”-и қазоқҳо ҳама намуди нороҳатиро бартараф хоҳад карду табъи “пешво” ва оилаи носерами ӯро ором хоҳад кард. Аммо мардуми кишвар дар зимистони хунук хонаҳои худро чӣ гуна гарму равшан мекунад, мушкили худи мардум аст..
Нуқтаи ҷолиби дигар ин аст, ки агентии давлатӣ “гузаронидани об тавассути обанбори Қайроққум” гуфтааст. Агар “фурӯши оби обанбори Қайроққум” мегуфт дурусттар мебуд, зеро амалан ҳукумати тоҷик маҳз ҳамин корро анҷом медиҳад, яъне захираҳои обии кишварро ба Қазоқистон мефурӯшад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз соли 2015 дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, Тоҷикистон дар давраи обёрӣ, яъне аз апрел то сентябр ҳақ дорад аз Сирдарё 1 млрд 910 млн метри кубӣ об гирад. Вале дар асл кишвар ҳамасола аз миқдори муайяншуда камтар об мегирад. Масалан, дар даврваи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри кубӣ об гирифтааст, ки аз миқдори муайяншуда 460 млн метри кубӣ ё 24% камтар аст.
Пас маълум мешавад, Тоҷикистон дар фурӯхтани захираи обии худ таҷрибаи чандинсола дорад. Бинобар ин, ҷои тааҷҷуб нест, ки кишвар муддати даҳсолаҳо ҳеҷ наметавонад ба “истиқлолияти энергетикӣ” расад. Дар мавриди “истиқлолияти энергетикӣ” чӣ гуна метавон ҷор зад, дар ҳоле ки ҳам захираи обӣ ба Қазоқистону Ӯзбекистон ва ҳам барқ ба Афғонистон беҳисоб фурӯхта шавад.
Қаблан Вазорати хоҷагии оби Узбекистон хабар дода буд, ки Тоҷикистон як қисми оби ҳаққи худро аз обанбори “Баҳри тоҷик” ба Узбекистон бахшидааст. Бар ивази он Узбекистон ҳудуди 30 адад насоси навъҳои гуногун ба маблағи 1,5 млрд сум (ҳудуди 150 ҳазор доллар) пас аз истифодаи он ба Тоҷикистон ҳадя мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид чизе нагуфтааст.