Маскав карантинро сабук мекунад
Эҳтимол меравад, ки миёнаҳои моҳи июн иҷозатномаи рақамӣ, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Маскав ҷорӣ шуд, бекор гардад.
Дар ин бора Аегнти иттилоотии русии бо такя ба гуфти шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дода навишт, ки ҳафтаи оянда дар робита ба чораҳои маҳдудкунанда дар пойтахт қарорҳои дахлдор қабул хоҳад шуд
Тибқи иттилои манбаъ интизор меравад, ки аз 15 июн гаштугузор дар Маскав, пойтахти Русия озод мешавад.
Агар шаҳрдор дар дақиқаҳои охир ягон тағйирот ворид накунад, хабари бекор кардани иҷозатномаҳо имрӯз эълон хоҳад шуд.
Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки ҳафтаи оянда дар робита ба чораҳои маҳдудкунанда дар пойтахт қарорҳои дахлдор қабул хоҳад шуд.
Реҷаи хонашинӣ дар Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус охири моҳи март ҷорӣ карда шуд. Тибқи фармони шарҳрдор дар пойтахт ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо баста шуданд.
Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологии Русия, Маскав яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки карантинаро тамдид кард. Аз миёнаҳои моҳи май фаъолият дар сохтмонҳо ва бархе аз ташкилотҳои иқтисодӣ оғоз шуд. Дар баробари ин ба сокинони пойтахт иҷозаи гашту гузор дода шуд.
Бар пояи омори ахир, то 7 июн дар Русия 467 ҳазор кас мубталои коронавирус шуда, беш аз 226 ҳазор нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанду 5 ҳазору 800 кас қурбони ин вабои аср шуданд.
Теъдоди бештарини маризони COVID — 19 дар Маскав — 195 ҳазор кас ба қайд гирифта шуд.