Фаолияти турбини якуми неругоҳи Роғун мутаваққиф шуд
Тибқи иттилои сомонаи Avesta, мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, фаолияти ин турбин барои баррасии техникӣ қатъ шудааст вале иқдомоти умронии сохти сади 335 метрии ин неругоҳ ҳамчунон идома дорад.
Гуфта мешавад дар будҷаи имсоли Тоҷикистон низ барои идомаи комил кардани сохти неругоҳи барқи обии Роғун 220 миллион доллар ихтисос ёфтааст, ки бо ҳисоби қарзҳои дарёфтӣ аз бонкҳо ва муассисоти молии байналмиллалӣ ин мизон то охири сол ба 400 миллион доллар мерасад.
Ин ҳам дар ҳолест, коргарони сохтмони Неругоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, моҳҳост, ки маоши худро нагирифтаанд. Ба гуфти коргарон, аз миёни тақрибан 25 ҳазор коргар, ки дар сохтмони «Роғун» фаъолият доранд, коргарони ширкати итолиёвии “Солини импреҷило”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ширкатҳои русӣ сари вақт маош мегиранд, аммо онҳо не.
Ба гуфтаи коргарон ҳафтае пеш Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъули сохтмони нирӯгоҳи «Роғун» дар ҳукумат аст, ба маҳалли сохтмон рафта, дар ҳузури коргарон ваъда кардааст, «ба зудӣ маош мешавад». Коргарон мегӯянд, аз ваъдаи Расулзода як ҳафта гузашт, аммо аз маош дараке нест.
Гуфтанист, турбини нахусти неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 баҳрабардорӣ шуд ва турбини дувуми он ҳам нуҳуми сентябри имсол солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон тавлиди барқро оғоз кард.
Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.