Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Бадахшон дар бораи суратҳисоби мубориза бо коруно ҳисобот дод

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи хароҷот аз суратҳисоби бозшуда барои мубориза бо COVID-19 дар минтақа ҳисобот дод.

То 15 июни соли 2020 аз суратҳисоби махсус ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ Сovid-19 дар вилоят таъсис дода шудааст, маблағи 94 ҳазору 689 сомонӣ хароҷот карда шуд. Ин маблағ байни муассисаҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

Тавре дафтари матбуоти дастгоҳи раиси вилоят , “30 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи ноҳияи Мурғоб, 42 ҳазору 129 сомонӣ — ба Шуъбаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ, 10 ҳазор сомонӣ — ба беморхонаи Навобод ва ҳамин миқдор маблағ — ба Шуъбаи ёрии таъҷилии ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон дода шуд. Боз 2 ҳазору 560 сомонӣ ба Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ барои харидории сӯзишворӣ ба хотири безараргардонии кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дастрас гардид”.

Ба иттилои манбаъ, ин маблағҳо бо назардошти эҳтиёҷоти ин муассисаҳои тиббӣ ҷудо карда шуданд.

Дар хадамоти матбуот қайд мекунанд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба шахсони саховатпеша, соҳибкорон идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба суратҳисоби мазкур маблағро ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус дар вилоят  гузаронданд, изҳори сипос баён менамояд”. 

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 июн дар ҷаласаи навбатии ситод оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қайд кард, ки дар давраи пандемия дар минтақа 22 нафари синнусоли  55-сола ва болотар аз он аз бемории COVID-19 фавтиданд. То имрӯз дар вилоят 1506 нафар муолиҷа гирифта, 75% ё худ 1132 нафари онҳо пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд.

Гузориши ҳукумати вилояти мухтори куҳистони Бадахшон аз ҳазина ба пешгирии Коронавирус дар ҳолест, ки ба ҷуз ин вилоят, ягон минтақаи Тоҷикистон ва ҳатто ситоди марказии мубориза бо коронавирус то ба ҳол ягон гузорише надодааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *