Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки бо пофишорӣ ва кӯшишҳои зиёдаш ҷашни Наврӯзи имсола баргузор гардид, танҳо аз ҳисоби хореографи ин ҷашн ним миллион доллар даромад гирифтааст.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба шарти ифшо нашудани номаш ба Паём гуфт, ки ҳангоми омодагӣ ба ҷашнӣ Наврӯз дар пайдо кардани мутахассиси ба саҳнагузории ин ҷашн, мушкили пеш меояд.
Мутахассис-хореограф бо кӯшишу супориши Аҳмадзода аз Тошканд пайдо карда шуда, ба маблағи 200 ҳазор доллар шартнома баста мешавад. Аммо ин қимат танҳо дар шартномаи байни ширктаи миёнарав ва ҷониби иҷрокунанда дарҷ мегардад. Дар шартномаи байни фармоишгар, яъне ҳукумати вилояти Суғд ва ширктаи миёнарав, қимат 700 ҳазор доллар навишта мешавад.
Бо ҳамин роҳ, Раҷаббой Аҳмадзода дар як амалиёти кӯтоҳу муваффақ соҳиби ним миллион доллар даромад мешавад. Аниқтараш ин маблағро медуздад.
Ин танҳо як бахши кӯчаки даромади Аҳмадзода аст. Ӯ ба баҳонаи ин ҷашн на танҳо буҷаи давлатро ба миллионҳо доллар ғорат кардааст, балки миллионҳои дигар аз соҳибкорони ширкатҳои вилоят барои баргузории ҷашни Наврӯз маблағ ҷамъоварӣ кардааст.
Қаблан Паём дар бораи чи гуна ва бо ибтикору кӯшиши киҳо баргузор гардидани ин ҷашн, ки сабабаи асосии паҳншавии вируси коруно дар кишвар шуд, хабар дода буд.
Аҳмадзода бисёр кӯшид ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Мастчоҳи нав низ баргузор гардад, аммо зери фишори мухолифин, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил, ҳукумат аз баргузории ин ҷашн даст кашид.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Мастчоҳ бо баҳонаи ин ҷашн миллионҳо доллар ҷамъоварӣ кардаанд. Манобеъ мегӯянд аз дуздии ин маблағҳо ниҳодҳои тафтишотӣ, аз ҷумла додситонӣ ба ивази ришваҳои бузург чашм пӯшидаанд.