“Сафари корӣ”
Мақомоти Тоҷикистон ва расонаҳои давлатӣ сафарҳои раисҷумҳур ба манотиқро “сафари корӣ” муаррифӣ мекунанд. Оё воқеъан ин сафарҳо корианд ва агар ҳа, пас он “кор”, ки барои анҷомаш раисҷумҳур сафар мекунад чӣ корест?
Кор ё вазифаи аслии раисҷумҳур чӣ хеле, ки аз номаш бармеояд, раёсат ба ҷумҳурист, яъне идораи кишвар. Чӣ гуна Эмомалӣ Раҳмон ин кор ё вазифаи аслиашро анҷом медиҳад, мо ҳамагӣ огоҳем: бист соли охир Тоҷикистон дар сафи фасодзадатарин, қашшоқтарин, ғайримардумитарин ва чанд таринҳои дигар қарор дорад ва ҳамеша ба самти поён ҳаракат мекунад. Ҳоло дар сафи даҳгонаи бадтаринҳо, ки 7-тои онро қашшоқтарин кишварҳои Африқо ташкил медиҳанд, ҷой гирифтааст.
Вазифаи дигари раисҷумҳур, ки ба ҳамин сафарҳояш рабти мустақим дорад ва бо ҳамин сабаб аст, ки он “сафари корӣ” ном гирифтааст, расидагӣ ба ҳоли мардуми кишвар мебошад. Яъне зимни ин сафарҳо раисҷумҳур бояд корашро анҷом диҳад — аз мардуми кишвараш дидан намояд, кори намояндаҳояш дар маҳалро тафтиш созад ва ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии мардум расидагӣ кунад. Танҳо дар сурати анҷоми ин вазифаҳо мешавад гуфт, ки ӯ масъулияташро иҷро кардааст, моҳонаи баландтарин дар ҷаҳонашро қисман ҳам бошад ҳалол сохтааст ва сафараш воқеъан як сафари корӣ буда.
Албатта дар барномаи сафарҳои Раҳмон ба манотиқ вохӯрӣ бо гурӯҳе аз мардум ҳамеша ҷой дорад. Вале ин гурӯҳ мардум нест ва ҳатто мақомот ҷуръат намекунанд ба ин гурӯҳ мардум гӯянд. Онҳо ин нишастҳоро “вохӯрии пешвои миллат бо фаъолони фалон ноҳия” меноманд. Маънии калимаи “фаъолон” ҳам дар фаҳмиши мардум ва мақомот фарқ мекунад. Мардум фаъол гуфта ба онҳое мегӯянд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ ва хидмат ба мардум фаъоланд, аммо онҳое, ки мақомот дар вохӯрӣ бо раисҷумҳур ҷамъ меоранд танҳо дар як кор фаъоланд — таблиғи сиёсати Эмомалӣ Раҳмон. Ин мавзӯъ шарҳи бештар намехоҳад. Ҳар хонанда метавонад ба рӯйхати онҳое, ки ҳар дафъа дар вохӯриҳои раисҷумҳур ширкат мекунанд назар андозад ва ҳатман дармеёбад. ки ҳақиқат ҳамин аст.
Гурӯҳе, ки вохӯрӣ бо онҳо кор ва вазифаи асосии раисҷумҳур аст, яъне мардуми оддӣ, ҳеҷ гоҳ Эмомалӣ Раҳмонро ҳатто аз дур надидааст, ба истиснои экрани телевизион албатта. Макони вохӯрии Раҳмон бо “фаъолон” як ҳафта қабл печонида шуда, ба он танҳо ҳамон гурӯҳи махсуси аз филтри КДАМ гузашта роҳ меёбад.
Раҳмон вазифаи дигараш — тафтиши кори намояндагонаш дар маҳалро низ ҳеҷ гоҳ анҷом надодааст. Баръакс ӯ танҳо ба ҳамон ҷойҳое меравад, ки намояндагонаш дар маҳал интихоб ва омода мекунанд. Давоми 28 соли “фаъолияти корӣ”-аш Эмомалӣ Раҳмон боре ҳам ҳатто як қадам аз хатсайри кашидаи намояндагонаш дар маҳал бо ба берун наниҳодааст. Ҳатто барои дидани хонаи пиразане, ақалан барои худтаблиғкунӣ.
Дар ин намоишгоҳ тибқи иттилоъи ҳамон манбаъ “таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, масоҳати калони боғу токзори кӯҳна дубора барқарор гардид”.
Бо ҳамин як рӯзи “сафари корӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расид. Барои “кор”-ашро анҷом додани раисҷумҳур, аз шоми дирӯз рафтуомад дар атрофи фурӯдгоҳ манъ шуда, тамоми масир аз фурӯдгоҳ то Хистеварз баста буд. Сокинони бузургтарин деҳаи кишвар низ имрӯз дар хонаҳояшон ҳабс буданд ва ҳақи ҳатто рафтан ба заминҳояшон барои кишоварзиро надоштанд.
Шумо метавонед дилхоҳ сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба дилхоҳ минтақаи кишвар дар 10 соли охирро интихоб кунеду бо сафари имрӯзааш муқоиса кунед — камтарин фарқияте нахоҳед ёфт. Нақшаи “сафари корӣ”-и ӯ, ки солҳо пеш навишта шудааст, зоҳиран барои тамоми умраш аст.
Дар ҳамин ҳол доираи “кор”-и Эмомалӣ Раҳмон давоми 28 соли ҳукмрониаш тадриҷан тангтар шуда, билохира ба доираи хурди дастаи як қайчӣ баробар шудааст — ҳамаи коре, ки Раҳмон дар сафарҳояш анҷом медиҳад, дар ҳамон доираи дастаи қайчӣ ҷой мегирад. Кулли кори раисҷумҳури Тоҷикистон шуда буридани лентаи иншоот. Он ҳам иншооте, ки худи ӯ дар бунёдашон камтарин саҳме (албатта ба истиснои ҳидояту раҳнамоии хирадманона) надорад.
Дар ин кор ҳам саҳми ӯ аз қайчиаш камтар аст. Қайчӣ метавонад бидуни ҳузури Раҳмон, бо кӯмаки ҳатто кӯдаке лентаҳоро бибурад. Аммо Раҳмон бидуни қайчӣ на. Пас беҳтар нест ин фасарҳо “сафри кории қайчӣ” номида шаванд?