Рубрики Хабарҳо

Афзоиши фишор болои хонаводаҳои мухолифин дар Тоҷикистон (Навор)

Мақомоти Тоҷикистон ба фишору таъқиби хонаводаи мухолифин шиддат бахшидаанд. Аъзои хонаводаи мухолифин ба идораҳои амнияту пулис бурда шуда, аз онҳо таҳти фишор, шиканҷа ва таҳдид алайҳи наздиконашон дар хориҷ изҳорот гирифта мешавад. 

Фишор ба хонаводаҳои мухолифин кори наве нест. Мақомоти кишвар аз ин усул ҳамеша кор мегирифтанд ва панҷ соли охир онро ба аслитарин омили фишор ба мухолифин дархориҷбуда табдил додаанд. Як соли охир, баъди интиқодҳои шадиди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, фишор болои хонаводаҳо камтар шуда буд. Аммо баъди шурӯъи силсилабаромадҳои Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллӣ ва ибтикорҳои дигари мухолифин, аз ҷумла талаби истеъфои раисҷумҳур ин фишорҳо дубора бо тарзи сахттару ваҳшиёнатаре шурӯъ шуданд

Яке аз аввалин фишору боздоштҳо дар давраи нави он, аз наздикони худи Муҳиддин Кабирӣ оғоз шуд. Санаи 13-майи соли ҷорӣ манобеъи Паём хабар доданд, ки се хеш ва корманди собиқи раҳбари Паймони миллӣ — ронандааш Ҳикмат Сайфов, писараммааш ва раҳбари собиқи бозори марказии Регар (замоне ки он ба Муҳиддин Кабирӣ таъаллуқ дошт) Ҷамшед Нарзуллоев ва мудири кадрии ширкати сохтмонии “Бинокор-Сервис” Маҳмадалӣ Раҳматуллоев аз тарафи кормандони КДАМ . 

Баъдан ин се нафар дар филми ба гуфтаи мақомот мустанади “Хиёнат” зуҳур карданд, ки алайҳи хеш ва корфармои собиқашон ҳарф мезананд. Ҳарчанд ин дафъа мақомот кӯшидаанд сохта ва таҳти фишор будани ин изҳорот маълум нашавад, чандон муваффақ нагаштанд. Ғайр аз ин ки Паём беш як моҳ қабл аз зуҳури онҳо дар филм аз боздошташон хабар дода буд, каме диққат ба макони сабт ва тарзи суханронии онҳо сохта ва таҳти фишор будани онро маълум месозад. Худи Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар як сӯҳбати онлайниаш, ки қабл аз пахши филми “Хиёнат” сурат гирифта буд, ба боздошти онҳо ишора мекунад.

Ин дафъа мақомоти Тоҷикистон тамоми марзҳои инсониро убур карданд ва духтарро маҷбур ба изҳорот додан алайҳи падараш намуданд. Фарзона Сайфуллозода, духтари Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, рӯзноманигор ва муҳаррири собиқи ҳафтаномаи “Наҷот” дар як навор, ки “Фабрикаи ҷавоб” паҳн кард, алайҳи падараш сӯҳбат кард. Амале, ки касе аз як зани мусалмону тоҷик интизор надорад ва барои мардум ин кор як даҳшат аст. Як зан бояд чӣ қадар зери шиканҷаву фишор қарор гирад, ки падари худро бад гӯяд? (Баъди интиқоди шадиди ҷомеъа навор ҳазф шуд)

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *