Аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон 23 тон асал тавлид шуд.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ ин мизони асал дар занбӯристонҳои минтақаи Хатлон тавлид шуд.
Тибқи иттилоъ имсол тавлиди асал дар Тоҷикистон 5 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар будааст.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон қасд дорад, асали тавлидшударо ба кишварҳои амрикоӣ ва аврупоӣ содир кунад.
Дар ҳоли ҳозир бештари асали тавлидӣ дар Тоҷикистон дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад, аммо бахше аз он ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Иморот ҳам содир мешавад.