Рубрики Хабарҳо

Оғози баррасии қонуни нави андоз дар парлумон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз оғозшавии кори баррасии қонуни ҷадиди андози кишвар то поёни соли ҷорӣ хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин матлабро Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълом кардааст.

Зокирзода гуфтааст, ки дар қонуни ҷадиди андози Тоҷикистон дархостҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва фаъолони бахши хусусӣ, дар бораи зарурати коҳиши мизони андоз мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ба далели қарор гирифтан дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон аз нигоҳи андозситонии барзиёд, ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои молии байналмилалӣ ва фаъолони бахши хусусии дохилӣ будааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *